ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

539

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбаладии сарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имрӯз саҳифаи нави ҳамкориҳо дар таърихи муносибатҳои дӯстона сабт мегардад.

15-уми апрели соли 2024 дар пояи Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Соли 2030. Ҳадафҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳои ифтитоҳӣ таъкид шуд, ки баргузории форуми мазкур дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд. Масъалаи ҳолати кунунии ҳамкориҳо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, масоили марбут ба табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани ҳамоишҳои гуногуни илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ташкили раванди омӯзиши таҷрибаи пешрафта, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз масъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.

Тибқи барнома дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. дар робита ба густариш ёфтани ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони олии ҳарду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон (дар мисоли Донишгоҳи миллӣ) суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи сарони ду кишвари дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рушди илму маориф ба самти афзалиятноки сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст.

Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таълимӣ муҳим мебошад. Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд. Ин дувумин вохӯрии дастаҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои мамлакатҳои бародар мебошад, ки дар рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба, бисёрҷониба бо муассисаҳои олии касбии кишварҳои дӯст, дар самти таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишварҳо ҷавобгӯ, инчунин, татбиқи чораҳо вобаста ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ замина мегузорад.

Ёдрас мешавем, ки форуми мазкур давоми ду рӯз дар се бахш идома намуда, масъалаҳои мубрами илму таълим ва равобити байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа баррасӣ хоҳанд шуд.