Таве иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин маротиба Конференсияи байналмилалии забони чинӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони марказҳои Конфутсий ва сохторҳои илмию таълимии кишварҳои марбута иштирок доштанд.
Дар ин конференсияи сатҳи байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, афзуд, ки Донишкадаи Конфутсийи назди донишгоҳ яказ марказҳои беназири илмию таълимии Тоҷикистону Чин мебошад.
Гуфта шуд, ки Донишкадаи Конфутсийи назди донишгоҳ дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарони олии ду давлат ва ҳамкориҳои судманди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Донишгоҳи омӯзгории Синзиян бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ба шарофати ҳамкориҳои судманд Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ се маротиба ба унвони “Институти байналмилалии Конфутсий” ва се маротиба ба унвони “Беҳтарин Маркази имтиҳони байналмилалии тахассусӣ аз забони чинӣ“HSK”” сарфароз гардидааст. Дар тули 15 соли корӣ ва рушд дар индонишкада беш аз 38 000 (сию ҳашт ҳазор) донишҷӯ таҳсил кардаанд.
Дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ оид ба сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин ибрози андеша намуда, нақши Сарварони давлатҳоро дар рушди самтҳои мухталифи Тоҷикистону Чин назаррас арзёбӣ намуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид шуд, ки ҳамоиши байналмилалӣ бо мақсади рушди равобити байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак ва дарёфти роҳҳои муосири корҳои илмию таълимӣ тавассути барномаҳои инноватсионӣ роҳандозӣ шудааст.