ИШТИРОКИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ

222

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки дар натиҷа самти муносибатҳои хориҷии мамлакат тараққӣ карда, ба сатҳи зарурӣ расонида шудааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар доираи сиёсати “Дарҳои кушод”-и кишвар пайваста кӯшиш мекунад, то ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо макотиби олии мамлакатҳои хориҷа тақвият бахшад. Дар натиҷаи чунин тадбирҳои саривақтии Раёсати Донишгоҳ, хосса ректори муҳтарами Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин имрӯз устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмуну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба таври ҳузуриву маҷозӣ ширкат меварзанд, инчунин барои табодули таҷриба барои таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷа сафарбар мегарданд.

Вобаста ба ин аз 17-24 майи соли 2024 дар Ҷумҳурии Латвия чорабинии байналмилалӣ дар доираи барномаи Erasmus+ баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 15 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Боиси хушнудист, ки устоди кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносӣ, директори Парки технологии Донишгоҳ – Муродзода Умед дар барномаи мазкур иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур, ки бо иштироки бевоситаи намояндагони Ҷумҳурии Албания, Гурҷистон, Кения, Индонезия, Тоҷикистон, Ямайка, Филиппинҳо, Латвия, Африқои Ҷанубӣ, Шоҳигариҳои Лесото ва Тайланд баргузор гардид, Муродзода Умед Донишгоҳро ба таври зарурӣ муррифӣ намуд. Аз ҷумла бо мақсади ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон навори видеоӣ, ки имконияту шароитҳои таҳсил дар Донишгоҳро инъикос менамояд, барои тамошои иштирокчиён пешниҳод гардид. Ҳамзамон, оид ба самтҳои фаъолият, дастовардҳои байналмилӣ ва нуфузу эътибори Донишгоҳ маърӯза бо забони англисӣ ва маводҳои таблиғотӣ пешниҳод гардид, ки аз ҷониби иштирокдорони ин чорабинии бонуфуз хӯш пазируфта шуд. Баъди огоҳии бештар аз имконоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намояндагони кишварҳои хориҷа аз қабили Латвия, Индонезия, Кения ва ғайраҳо изҳори омодагӣ ҷиҳати ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифро баён доштанд.

Чорабинии мазкур, ки дар пояи Донишгоҳи Даугавиплиси Ҷумҳурии Латвия баргузор гардид, дар рафти он бо ректори ин муассисаи олии касбӣ доктори илмҳои биологӣ, профессор, раиси Шурои ректорони Ҷумҳурии Латвия Арвид Баршевский мулоқоти судманди намояндаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон анҷом дода шуд. Дар рафти вохӯрӣ, тарафҳо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои бастани шартнома оид ба табодули академии устодону донишҷӯён, иштироки донишӯёни Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилаӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дар самти тадқиқотҳои илмиро баррасӣ карданд. Пас аз ба мувофиқа расидани ҷонибҳо шартномаҳои болозикр ба имзо расонида хоҳад шуд.

Бо мақсади рушди фаъолияти Парки технологии Донишгоҳ, истифода аз дастовардҳои навтарини илму техника, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи кишварҳои пешрафати хориҷа дар ин самт миёни Парки технологии Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва Паркҳои технологии Донишогоҳи Даугавиплиси Ҷумҳурии Латвия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Бастани шартномаи мазкур метавонад дар рушди минбаъдаи фаъолияти илмии Парки технологии Донишгоҳ таъсири амиқ гузорад.

Лозим ба зикр аст, ки дар чорибнии мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Пас аз анҷоми пурраи барномаи чорабинӣ ба тамоми иштирокичён Сертификатҳо тақдим карда шуд.