
Имрӯз (04.03.2025) роҳбарият ва зумрае аз устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар намоиш-фурӯши китоб, ки таҳти унвони “Ҳадя ба модар” бахшида ба Рӯзи модар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок намуданд.
Ин чорабинӣ ҳамчун арҷгузорӣ ба меҳру муҳаббати модарон ва нақши бузурги онҳо дар тарбия ва рушду камоли ҷомеа доир гардида, китобҳо ҳамчун рамзи дониш, маърифат ва эҳтиром ба модар пешниҳод шуданд.

