ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ВА БОЗДИДИ ОНҲО АЗ ОСОРХОНА ВА МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

428

Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ” дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз (13.03.2023) дар фазои дӯстона меҳмононро аз Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмонов И.Ю. намояндагони дипломатии Тоҷикистон, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутасаддиёни Донишгоҳи миллӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Меҳмонони олиқадр ба Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуданд. Дар ҳайати меҳмонон, ҳамчунин, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон ҳузур доштанд.

Меҳмононро муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон ҳамроҳӣ намуданд. Ба меҳмонон маҷмуи экспонатҳои Осорхона ва фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллатро декани факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор Шарифов Раҳмоналӣ муаррифӣ намуд.

Меҳмонони олиқадр сараввал аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуда, бо тамоми маводи дар он маҳфуз буда ошноӣ пайдо карданд.

Бояд гуфт, ки экспонатҳои осорхона овони таҳсили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзуи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони донишгоҳ ва ғайраро дар бар мегирад.

Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводи ба Пешвои миллат бахшидашуда гӯшаи дигари ин толори барҳаворо зинат мебахшад. Дастовардҳои олимони донишгоҳ низ дар растаҳои ин толор ба намоиш гузошта шудааст.

Зимнан дар Осорхона чанде аз намунаи дастовардҳои илм ва навоварии Ҷумҳурии Узбекистон намоиш дода шуд.

Сипас меҳмонон ба Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар паҳлуи Осорхонаи Пешвои миллат қарор дорад, ташриф оварданд. Меҳмонон ба сохт ва маводи ҷамъоваришуда, ки корномаи Пешвои муаззами миллатро дар бар мегирад, баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, иброз гардид, ки маркази мазкур метавонад бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намояд. Зимнан дар монитори Марказ намунае аз дастовардҳои илмии кишвари ҳамсоя ва дӯст – Узбекистон дар шакли видеороликҳо нишон дода шуд.

Дар охир меҳмононро ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории судманди муассисаҳои олии таълимии ҳамсоякишвар изҳори сипос намуд.