Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар сурат гирифта, ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол менамояд.
Дар радифи дигар ҳадафҳои стратегии мамлакат дар Паёми Сарвари давлат ба масъалаи истиқлоли энергетикӣ мароқ зоҳир карда шуд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба инкишофи энергетика аҳаммияти махсус зоҳир намуда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида дар ин самт, ба вижа бунёди неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Себзор», лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Санобод» ва «Чарсем», истеҳсол ва афзоиш додани содироти неруи барқ ва ғайра ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки иҷрои бо марому мақсадноки онҳо расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин хоҳад кард.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ намуда истодааст. Аз Паёми Пешвои миллат маълум мегардад, ки айни замон корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
Бояд гуфт, ки дар доираи сиёсати азнавсозӣ ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.
Дар робита ба ин Сарвари давлат изҳор намуданд, ки соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Дар ин радия як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Ҳамин тавр, иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мешавад. Ҳамчунин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад. Сарвари давлат аз сохтмони пуравҷи неругоҳи барқи обии «Роғун» ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар ду соли охир ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. Маълум гардид, ки то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф, ҳамчунин бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд бо мақсади ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (ё 1 миллиарду 150 миллион доллар) идома доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки то имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 3,8 миллиард сомонӣ грант ба имзо расонида шуда, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад. Аз ҷумла 17-уми декабри соли ҷорӣ Шурои директорони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар хусуси дар марҳалаи аввал ҷудо намудани 3,8 миллиард сомонӣ грант барои сохтмони неругоҳи «Роғун» қарор қабул кард. Дар ин радиф, аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар ҳаҷми 2,9 миллиард сомонӣ, Бонки исломии рушд 1,6 миллиард сомонӣ, Фонди Саудии рушд 1,1 миллиард сомонӣ, Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 272 миллион сомонӣ ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ 180 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд.
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини ин самт – Сарвазири мамлакат, муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа, вазири энергетика ва захираҳои об, дигар вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун», ширкатҳои соҳа ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳоро вазифадор намуданд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти барқ тадбирҳои муассир андешанд. Ҳамчунин, дастур доданд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки рушди устувори ин самти афзалиятнокро бе дарназардошти истифодаи комёбиҳои илму техника тасаввур намудан ғайримкон аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мутахассисони соҳа дар самти татбиқи лоиҳаҳои илмӣ боз ҳам фаъолноктар бошанд.
Тоҷикистон бо шароити табии ва хусусияти ҷуғрофиаш имкони боз ҳам рушди неруи сабзро дорад. Тавлиди босуръати неруи барқ дар кишвар имкон медиҳад, ки иқтидории иқтисодии мамлакат боз ҳам афзод. Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро зарур аст, ки неруи барқро сарфакорона истифода намуда, ба ин восита дар таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, сиёсати созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, дар амалӣ гардидани он тамоми қишрҳои ҷомеа бояд муттаҳиду устувор бошанд, чунки дар меҳвари ин сиёсат қабл аз ҳама татбиқи ҳадафҳои стратегии миллат қарор дорад. Барои ба ин ҳадаф расидан ва ба кишвари содиркунандаи неруи барқ табдил додани кишвар баробари сохтмони неругоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳаммияти бештар диҳем.
Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ
Маҷидзода Баҳодур Аҳмад – н.и.и., дотсент, муовини декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ