ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ МУҲАНДИСӢ

589

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва олитарин арзишҳо ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра самтҳои гуногуни илмии ҷумҳурӣ рушд карда истодааст. Ба хусус самти илмҳои табиатшиносӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соҳаи геология яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвари азизамон маҳсуб мешавад. Дар тайёр кардани мутахасисони соҳаи геология саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Факултети геология яке аз факултетҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар тамоми самтҳо, аллалхусус таълим, тарбия, илм, тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, гузаронидани конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолият карда истодааст.

Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ аз ҷумлаи сохторҳои он аст. Он соли 1972 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф таъсис дода шудааст. Кафедра мутахассисонро то соли 2016 аз рӯйи ихтисоси 51010103- гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ва аз соли 2016 бо кушодани ихтисоси нав 51010110-гидрология ва пиряхшиносӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазирро тайёр карда истодааст. Нахуст роҳбарии кафедраро А.Н.Мамонтов (1972-1976), баъдан сарварии кафедраро Г.П. Крейденков (1976-1983), А.Н.Мамонтов (1983-1990), И.Р.Ҳасанов (1991-2003), Тоҷибеков М. (2003-2008) ба уҳда доштаанд.

Имрӯз дар кафедра се нафар докторони илм, профессорон Валиев Ш.Ф., Саидов М.С. ва Комилов О.К., дотсентон Ғайратов М.Т., Шарифов Г.В., Андамов Р.Ш. муаллимони калон Давлатов Ф.С., Ғуломов М.Н., ассистентон Сайфуллоева Қ.Ғ., Оқилшоев Х.С. ва лаборантон Чилаева С.Ҳ., Бобозода П.Ҷ. фаъолият доранд.

Дар кафедра барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат аҳамияти бештар дода мешавад. Мудири кафедра дотсент Ғайратов М.Т. зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Комилов О.К. соли 2015 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии байнидавлатии ҷумҳуриҳои муштараки Қирғизистону Тоҷикистон дифоъ намуд. Инчунин, моҳи декабри соли 2015 чор нафар аспирантону унвонҷӯёни кафедра аз ҳимояи пешакии рисолаҳои номзадӣ дар ҷаласаи васеъи факултет гузаштанд (Назирова Д.Э., Давлатов Ф.С., Андамов Р.Ш., Шарифов Г.В.). То ҳоло дар кафедра 15 нафар аспирантон, ӯнвонҷуйён ва доктор Ph.D фаъолият карда истодаанд. Давлатов Ф.С., Файзуллоев Ш., Назирова Д.Э., Шоназаров Б.Б., Гулов З.Ҷ., Саидов С.М., Абдулмумини М., Каримов А.А. Назаров Ҷ.О., Ҷурабоев Н., Ғуломов М.Н., Абдуллов Ҷ., Наимов Ҳ.Н., Шарифова М.И. дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантура ва доктарантураи донишгоҳ (роҳбарон – профессорон Комилов О.К., Валиев Ш.Ф., Саидов М.С. Ғайратов М.Т., Оймуҳаммдзода И.С., Шарифов Г.В.) таҳсилро давом дода истодаанд.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои кафедра назаррс аст. Аз соли 2007 то имрӯз аз ҷониби устодони кафедра 302 фишурдаю мақола, 4 монография, 10 китоби дарсӣ, 5 воситаи таълимӣ, 5 дастур ва раҳнамо, 5 саволномаи тестӣ, 11 барномаи таълимӣ рӯйи чоп омдааст.

Албатта имкониятҳои устодон ва донишҷуён дар замони иситқлолият хеле зиёд гардидааст. Устодон ва донишҷуён метавонанд озодона дар озмунҳои сатҳи гуногун ширкат варзанду ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд. Дастовардҳое, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ба даст омдаанд, чунин аст.

Бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон №184 аз 24 декабри соли 2018 ба ассистент номзади илмҳои геология ва минералогия Давлатов Ф. С.-ро барои таҳия ва нашри монграфияи илмӣ дар мавзӯи «Миниақаҳои хавфи пайдоиши равандҳои геологии экзогении ноҳияи Вахши Боло ва тавсияҳо оид ба пешгирии оқибатҳои хатаровари онҳо» бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2018 дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин, донишҷӯи курси 3-уми ихтисоси 51010103-гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ Маҳкамов Абдураҳмон аз бахши география ва геология дар озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ-2016» 10-11-уми марти соли 2016 дар Академияи илмҳои ҶТ барои дарёти Ҷоми АИ ҶТ сазовори ҷойи аввал гардид, ки роҳбари илмиаш номзади илмҳои техникӣ Ғайратов М.Т. буд.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 51010103-гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ Каримов Файзалӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар соли 2019 таҳти роҳбарии номзади илмҳои техникӣ дотсент Ғайратов М.Т. ғолиби ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар кафедра солҳои 2016-2020 ду конференсияи ҷумҳуриявӣ ва чор (4) конференсияи байналмилалӣ гузаронида шудааст, ки бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон», ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ғ…

Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидаро сармашқи кори худ қарор дода, дар пайи иҷроиши онҳоянд.

М.Т.Ғайратов,

мудири кафедраи гидрогеология

ва геологияи муҳандисӣ, дотсент