ИТТИЛООТ ДАР МАВРИДИ БАЪЗЕ НУСХАҲОИ ХАТТИИ ГАНҶИНА

751

Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллӣ “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” ҳамчун махзани илму адаб, баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт. Дар Ганҷина нодиртарин дастхатҳо нуҳуфта аст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Бадриддин Мақсудов солҳои зиёд аст, ки ба омўзиши нодиртарин дастхатҳои Ганҷинаи мазкур машғул аст.

Бо мусоидати декани факултети филология, доктори илмҳои  филологӣ Сироҷиддини Эмомалӣ тасмим гирифтем, ки дар робита ба ду нусхаҳои хаттии Ганҷинаи мазкур: «Китоб-ул-масобиҳ» ва «Наводир-ун-ниҳоя» матлаби мухтасар ногоштаи профессор Б. Мақсудовро манзури хонандагон намоем.

  1. «КИТОБ-УЛ-МАСОБИҲ» (کتاب المصابیح). Ин нусхаи дастнависи арабӣ зери шумораи 713 нигоҳ дошта мешавад. Муаллифи он муҳаддиси маъруфи тоҷики асри XI м. Абумуҳаммад ал-Ҳусайн ибни Масъуди Бағавӣ (1044 – 1122) машҳур ба Ҳофизи Бағавии Шофеъӣ мебошад. Ӯ ба арабӣ тафсири Қуръон ҳам доштааст ба унвони “Муаллим-ат-танзил” ва он ба “Тафсири Бағавӣ” иштиҳор пайдо кардааст. Аммо машҳуртарин таълифи ӯ “Китоб-ул-масобиҳ” мебошад, ки баъдтар  дар заминаи он аз ҷониби муаллифони гуногун рисолаҳои зиёде дар ҳадис падид омадаанд.

Нусхаи мазкур анҷома дорад ва дар охири он чунин хонда мешавад: «Тамма “Китоб-ул-мусабиҳ… биттаҳрири Алӣ ибн Аҳмад ибн Муҳаммад ибналҲофиз ғафаруллоҳа лаҳу ва-л-волидайя фӣ шаҳри рабию-л-аввали санатин хамсин ва хамсина ва ситтамиа».

Яъне санаи китобати нусха 655 ҳ.қбаробарбо 1257 м. (миёнаи асри XIII) мебошад. Ҷои китобат зикр нашудааст.

Андозаи нусха 34х24 см., захомат 6,5 см. аст. Андозаи матн дар ҳар сафҳа 21х15,5 см. Дар ҳар сафҳа 17 сатр дорад. Матни нусха комил буда афтодагие надорад.

Ҷилди комили нусха ҳифз нашудааст ва муқоваи рӯяш афтодааст ва дар замони нав бо матои дорои нақшҳои ҳандасии ранга тармим кардаанд. Муқоваи аслии пушти нусха ҳифз шудааст, он аз чарми кемухт мебошад, зеро ниҳоят сахт, вале сабук аст. Ранги абраи он ҷигарии баста, сохташ расмист, яъне дастӣ бо хаткашу нашгирда ва паргор сохта шудааст. Локӣ нест. Абраи нусха турунҷ дорад, ки ба шакли байзоӣ аст ва атрофи онро муҷаллид тарзе оро додааст, ки аз худ гӯё нур медиҳад. Сартурунҷ ва зертурунҷаш шакли лавзӣ доранд. Ҳам турунҷ ва ҳам сартурунҷу зертурунҷ номуназзам омадаанд ва дохилашон нақшин мебошад. Дар байни турунҷ ва сартурунҷу зертурунҷ муҷаллид бо нашгирда дастӣ нақшҳо офаридааст, ки ҳамчунин номуназзам ҳастанд. Муқова бо ду хатти рост аз канорҳояш занҷира дорад. Ҳамчунин дар муқова нақшҳои кунҷӣ ё лачакҳо дида мешаванд. Онҳо шакли ҳандасӣ доранд ва ба ранги нуқраӣ дохилашон нақшҳо часпонида шудаанд, ки дар тайи замонаҳо аз лачакҳои фавқонӣ қисман ва аз лачакҳои таҳтонӣ тамоман рехта нобуд шудаанд. Худи муқова ва махсусан лабаҳои он дастхӯрда шуда харобиҳо дорад. Астари муқова аз махмали хокистарранги баста мебошад.

Атфи ҷилд низ қисман боқӣ мондааст ва чарми он низ захим ва нисбатан дағал мебошад ва ранги аслиаш комилан парида сафед шудааст ва як қисми онро хеле баъд бо порчаи ранги обидошта тармим кардаанд.

Ҷилди нусха як варақ аз рӯ ва як варақ аз пушт бадрақа дорад, ки тармимшуда мебошанд.

Баъд аз бадрақа матни китоб бо сарлавҳи музайян ва музаҳҳаб шурӯъ мешавад, ки як сафҳаро комилан фаро гирифтааст. Дар мобайн унвони мудаввар дорад ва дар дохили он бо шангарфи қирмизӣ, ки ҳоло хеле тира гаштааст, ба душворӣ чунин навишта хонда мешавад: «”Китоб-ул-масобиҳ-ас-сунна” фӣ илмалҳадиси би хаттилнасхи».

Ҷолибияти ин нусха дар он аст, ки дар атрофи унвонаш дар ҳавошии сарлавҳ шаш навиштаи алоҳидае ба форсӣ ба назар мерасад, ки дар замонҳои гуногун (аз асри XV то асри XVI) аз тарафи шахсони гуногун бо зикри вақт навишта шудаанд.

Коғази нусха абрии захими обҷувозӣ ва кирмхӯрда аст, вале ба матн зарари ҷиддӣ ворид нашудааст.

Сарлавҳаҳои матн, ки дар авроқи гуногун ҷой доранд, дар дохили ҷадвал гирифта шудааст ва бо қалами мутағаййир аз қалами матн бо мураккаботи қирмизӣ, обӣ, сафед, зард, норинҷӣ бо ороиши хос навишта шудаанд.

Дар ҳавошии нусха муҳрҳои гуногуни зиёде (беш аз 100-то) пахш шудаанд ва ин аз он дарак медиҳад, ки нусха дар масири замонаҳо ба дасти шахсони гуногун расида ва ахиран дар нимаи дуюми асри гузашта ба дасти устод Шарифҷон Ҳусейнзода расидааст ва эшон онро ба китобхонаи донишгоҳ харид кардаанд.

Бояд гуфт, ки нусхаи мазкур дорои мушаххасоти ниҳоят ҷолиби кодикологӣ буда, бисёр масъалаҳои китобсозӣ дар асрҳои миёнаро равшан мекунад. Муаллифи ин сутур ният дорад, ки дар оянда роҷеъ ба ин нусха як мақолаи муфассале иншо намояд.

  • «НАВОДИР-УН-НИҲОЯ» (نوادر النهایه). Нусхаи дастнависиДевони Мир Алишери Навоӣ  (1441-1501). Он зери шумораи 736 нигаҳдорӣ мешавад. Нусхаи мазкур дар дафтари сабти кутуб ва баргадони китобхона барғалат «Чаҳор девони Навоӣ» сабт шудааст. Таҳқиқ нишон дод, ки он девони дуюми бо дахолати Навоӣ мураттабгардида, яъне, “Наводир-ун-ниҳоя” мебошад.

Бояд зикр кард, ки фақат чор нусхаи хаттии ин девон дар китобхонаҳои дунё маълум аст:

1. Дар китобхонаи Институти шарқшиносии ба номи берунии АИ Ӯзбекистон, зери № 1995 ба хатти Султоналии Машҳадӣ, бидуни зикри санаи китобат.

2.  Дар китобхонаи фавқуззикр зери № 11675 ба хатти Мавлоно Абдуҷамили Котиб, санаи китобаташ 893/1487.

3. Дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Озарбойҷон, зери № 301, санаи китобат 1042/1632.

4. Дар китобхонаи Кохи гулистони Теҳрон, зери № 1799, ки онро дар соли 1991 донишманди ӯзбек Суюма Ғаниева  дар Тошканд чопи факсималӣ кардааст ва пиндошта, ки он автографи Навоӣ аст.

Нусхаи № 736-и мавриди назари мо нусхаи панҷум мебошад, ки сарфи назар аз мақолаҳои нависандаи ин сутур* аз тарафи ҳељ як навоишиносе шинохта нашудааст. Дар чаҳор ҷои нусхаи мазкур санаи китобат 882/1477-78 нишон дода шудааст. Аз рӯи таҳқиқи мо ба хулосаҳои зер омадан мумкин аст:

– Нусхаи шумораи 736 нусхаест, истинсохшуда аз рӯйи қадимитарин нусхаи «Наводир-ун-ниҳоя»-и Аришери Навоӣ, ки дар соли 882 ҳиҷри мутобиқ бо соли 1477-78 милодӣ анҷом шудааст. Замони нусхабардории онро аз рўйи кайфияти коғаз ва шакли китобат қарни XI ҳиҷри (XVII милодӣ) метавон тахмин зад.  Теъдоди ғазалиёти он 598-то аст, яъне, аз теъдоди ғазалҳои ба ин девон таъйинкардаи Ҳ.Сулаймон (628 ғазал) 30 ғазал камтар дида мешавад. Тавре дар боло ишора рафт, дар ҳавошии нусха ҷо-ҷо  ғазалҳои дигар ба дасти котиби ғайр оварда шудаанд. Ин қазия метавонад чунин маънӣ дошта бошад, ки баъдан нусхаи мавриди назари моро касе бо нусхаи комилтари «Наводир-ун-ниҳоя» муқоиса намуда, онро такмил кардааст. Ба ин тартиб, натиҷае  ба даст меояд, ки аввалин нусхаи  «Наводир-ун-ниҳоя» чанд соле  пештар аз он чи мо то имрӯз медонистем (885-888 ҳ. баробар бо  1480-1487 м.), яъне дар соли 882 ҳ.қ.  (1477-78 м.)  таҳия шудааст. Аммо ин нусха, яъне нусхаи тоҷикистонӣ ниёзи ҷиддитар ва бештаре   ба ҷалби таваҷҷуҳ ва таҳқиқи  нусхашиносони  навоишинос дорад, то онро ба унвони яке аз манобеи муҳимми мероси адабии Амир Алишери Навоӣ ҳамаҷониба ба баррасӣ гиранд.

– Дебочаи ин нусха, ки 34 барга дорад, мукаммалтарин дебоча аст ва бо назардошти ин ки муҳтавояш суханони худи Навоӣ аст, аҳамияти муҳимми таърихӣ, адабӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангии бештаре дорад.

            –  Ин нусха аҳаммияти муҳими матншиносиро низ дорост ва матни он метавонад дар рафъи иштибоҳоту навоқиси зиёди мавҷуд дар нашрҳои чопии феълӣ моро ёрӣ расонад. 

– Нуктаи дигаре хеле муҳим он аст, ки Алишери Навоӣ ҳангоми мураттаб намудани куллиёти ашъори ғиноияш бо номи “Хазоин-ул-маонӣ” ҳамаи ғазалҳои дар тӯли умри худ навиштааш ва ба ин куллиёт воридкардаашро боздид ва дубора таҳрир кардааст. Матни ғазалҳои нусхаи “Наводир-ун-ниҳоя”-и Ганҷинаи Ш.Ҳусейнзода, ки қадимтарин мебошад, агар бо ғазалҳои нусхаҳои баъдии он ва ҳамчунин нусхаҳои “Хазоин-ул-маонӣ” муқоиса карда шавад, фарқу бадалҳои он ба хубӣ ошкор хоҳад шуд.

—————————————————————–

* Мақсудов Бадриддин. Нусхаи қадимии навёфтаи девони Навоӣ (ба форсӣ). Чакидаҳои мақолоти ҳамоиши байн-лии “Андешаҳо, осор ва хадамоти Амир Алишери Навоӣ”.-Машҳад 18-20 баҳманмоҳи 1393 (07-09 фев.2015 – Саҳ. 262;  Як нусхаи дастнависи пурарзиши “Девон”-и Навоӣ. “Камоли Хуҷандӣ”- фаслномаи илмӣ-адабӣ.-Хуҷанд, 2015.–Саҳ. 18-28; Наводир-ун-нихоя”-нинг янги топилган қулёзма нусхаси. Ӯзбек тили ва адабиёти. – Тошкент, 2016, № 6. – 49-53 б.; Як нусхаи дастнависи тоза дарёфтшудаи девони Навоӣ ва арзиши он. Паёми Донишгоҳи миллӣ (маҷ.илмӣ). Бахши илмҳои филологӣ.- Душанбе.: Сино,2016. – Саҳ. 196-203; Нусхаи дастнависи навёфтаи девони Навоӣ. Маҷ.илмии “Пажӯшиш”. Пуҳантуни Бағлон, 2017. – № 6 (ба дарӣ). – Саҳ. 30-42; Вновь найденный рукописный список дивана Алишера Навои и его значение. ИРАН-НАМЕ Научный востоковед- ческий журнал. – Алматы, 2017 – № 1-2 (41-42). – С. 244-256; «Навадир ан-нихайа» Наваи, хранящегося в библиотеке Таджикского национального университета. Алишер Наваи и XXI век. – Ташкент: MASHHUR, 2020. – С. 9-18; Вновь найденный список дивана “Наводир ан-нихойа” Алиншера Наво’и. Современное состояние изучения истории, искусства и культуры в Таджикистане. /посвященнней 30-летию независимости Таджикистана/ – Станбул, 2020. – С 161-170 и илюстрации в с. 424-430.

Мақсудов Бадриддин,

доктори илмҳои филологӣ,

профессори кафедраи таърихи адабиёти

тоҷики факултети филологияи ДМТ

«КИТОБ-УЛ-МАСОБИҲ»

«НАВОДИР-УН-НИҲОЯ»