ҒИЗОИ МАЪНАВӢ АЗ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ

724

Имрӯз (29.04.2021) дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ибтикори Муассисаи давлатии Театри намунавӣ-минётураи «Ойина»-и назди раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи ҳунарии ҳайати ҳунарпешагони театр баргузор гардид.

Дар оғоз таъкид карда шуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин намоишнома, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, таҳким ва густариши истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати ҷавонон, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ мебошад.

Дар намоиш донишҷӯёни факултетҳои химия, фарматсевтӣ ва тиббии донишгоҳ ширкат варзида, аз саҳначаҳои намоишдодаи онҳо ғизои маънавӣ гирифтанд.