Бо ифтихори ҷашнҳои муҳимми сиёсӣ – Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати ДМТ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур дастовардҳои садорати факултетҳо, натиҷаи заҳмати донишҷӯёни ҳунарманд, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки мақсад аз он ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, таомҳои маҳаллӣ, ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад.
Зимни баргузории чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, қаблан иштироки меҳмононро ба чорабинии донишгоҳӣ хайра мақдам гуфт. Дар идомаи суханронӣ ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати ҷашнҳои муҳимми сиёсӣ Рӯзи Иҷлосияи сарнавиштсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Иброз дошт, ки имрӯзҳо ба муносибати ин санаҳои таърихӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор шуда истодааст, ки аз арҷгузорӣ ва гиромидоштӣ ин санаҳои муборак дарак медиҳад.
“Оид ба муҳиммияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам таъкид намоям, ки дар асоси муқаррароти моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. Таҷрибаи байналмилалии баргузории Рӯзи Президент собит менамояд, ки муқаррар намудани ин ҷашн аз корнамоиҳои шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки ба бунёди низоми давлатдорӣ ва эҳёи ниҳоди президентӣ замина гузоштаанд, ташаккул ёфтааст.
Баргузории Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст” – иброз дошт Хушвахтзода Қ.Х..
Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Зуҳурова иштирокчиёни чорабиниро ба санаҳои муҳимми таърихӣ – Рӯзҳои Иҷлосия ва Президент самимона табрик намуда, дар робита ба корномаи Пешвои миллат дар ҳифзи анъанаҳои миллӣ суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳимми иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик мебошад.
Дар охири чорабинӣ барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.