ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ ИҶТИМОӣ – ФАЛСАФӣ: ИСТИЛОҲ, МОҲИЯТ ВА ХОСИЯТИ ХОСИ ЗОҲИРШАВӣ

500

Илми муосири ҷомеашиносӣ, аз ҷумла фалсафаи иҷтимоӣ, мафҳуми ифротгароиро ҳамчун мафҳуми умумиилмӣ баррасӣ карда, дарки илмӣ, кушодани мазмуну мундариҷаи онро мавриди таҳқиққарор медиҳад. Ин падидаи иҷтимоӣ бисёрҷанба буда, дар шаклҳои мухталиф зуҳур меёбад, ки ҳолати мазкур ошкор намудани моҳияти онро душвор мегардонад.

Таърифи аниқу муайян додани мафҳумҳои мазкур, бахусус мафҳуми «ифротгароӣ» на фақат барои таҳияи меъёрҳои ба ҳам монанди ҳуқуқӣ, балки бо мақсади вусъат додани корҳои маърифатӣ ва тарғиботӣ дар миёни аҳолӣ зарур аст. Зеро дар айни замон, бахусус дар кишварамон, на ҳамаи шаҳрвандон дар хусуси ин зуҳуроти нангини ҷомеа тасаввуроти равшан доранд. Дар адабиёти фалсафӣ ва сиёсӣ таърифи умуми эътирофшудаи ифротгароӣ вуҷуд надорад. Чунон ки дар тадқиқотҳои илмӣ зикр гардидааст, дар зери ниқоби ифротгароӣ аксаран зуҳуроти мухталиф: аз шаклҳои гуногуни муборизаҳои синфӣ ва озодихоҳона, ки истифодаи зӯроварии сиёсиро роҳандозӣ мекунанд, то ҷинояткориҳои аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша содиршаванда бо ҳам омезиш меёбанд.

Дар «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо ифротгароӣ» чунин таъриф оварда шудааст: «ифротгароӣ – ин зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ифода кардани шакли ифротии амалиёт ба шумор меравад, ки ба тахрибкорӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар кишвар, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳо, барангехтани низову адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват менамояд. Қонуни номбурда аз 20 модда иборат буда, тавзеҳоти муосирро оид ба муқовимат ва пешгирии ифротгароӣ дар бар мегирад. Дар ин Қонун ба зуҳуроти ифротгароӣ баҳои воқеӣ ва таърифи возеҳ дода шудааст.

 Ба таърифи воқеии ифротгароӣ аз нуктаи назари фалсафӣ дар тадқиқоти илмии олими рус В. И. Красиков дучор омадан мумкин аст, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: «Ифротгароӣ ин як навъ сабки рафтор ва тафаккури хосси даркшавандаест, ки маҳз тафаккур, шакли махсуси зуҳуроташ намуна ва муайянкунандаи хусусиятҳои худи он мебошанд. Ифротгароӣ ин ифодагари сабки густохонаии ҳаёти бархе аз гурӯҳи одамонест, ки «фарҳанг»-и хосси худ ва «ҷаҳони хосси худ»-ро ташкил кардаанд. Арзишҳоеро, ки онҳо тарғибу тарвиҷ мекунанд, бо арзишҳои ҷомеа дар мухолифат қарор доранд. В. И. Красиков собит месозад, ки аломатҳои асосии ифротгароӣ, ки онро ҳамчун зуҳурот аз ҳама гуна зуҳуроти дигари тундгароӣ (низоъҷӯӣ, низоъандозӣ, тундмиҷозӣ) фарқ мегузорад, ин муқовимати тезу тунд, истодагарии ошкоро ва муқобилияти оштинопазирии он ба шумор меравад. Чунин таърифи ифротгароӣ (ҳарчанд комил набошад ҳам), дар худ таҳлили фалсафии ифротгароӣ ва моҳияти онро гунҷоиш додааст.

Ифротгароии муосирро аз ҷиҳати назариявӣ (дар тарҳи умумӣ) як навъи мураккаби зӯроварии фардӣ ё гурӯҳии муташаккил метавон фаҳмид, ки усулҳои муборизаи равонии тарсафканироба кор бурда, одатан дар давраҳои буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва гоҳо дар шароити мӯътадил будани вазъи иқтисодию сиёсии ҷомеа мавриди истифода қарор мегиранд. Чунин муносибатҳо ё равишҳо барои муайян кардани ифротгароӣ дар фалсафаи иҷтимоӣ бисёр вомехӯрад. Даҳҳо таърифи ифротгароиро мисол овардан мумкин аст, аммо онҳо фаҳмиши ягонаро дар бораи моҳияти масъалаи таҳқиқшаванда дар ҷанбаи фалсафӣ таъмин намекунанд.

Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик Г. Зокиров ифротгароӣ алайҳи сохтор ва ниҳодҳои ташаккулёфтаи дунявӣ бо ҳадафҳои халалдор намудани муътадилӣ ва заиф гардонидани он, ба хотири расидан ба мақсадҳои худ, чун қоида, бо усулҳои зӯрӣ сарнагун кардани сохти мавҷуда баромад мекунад. Барои ифротгароӣ истифодаи зӯрӣ ё таҳдид ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, шахсони алоҳида, аҳолии кишвар ё минтақа бо мақсадҳои маҷбур кардани сохторҳои давлатӣ ва сиёсӣ ба иҷрои амалҳои барои қувваҳои ифротгароӣ манфиатнок хос аст.

Дар адабиёт оид ба ифротгароӣ, иттилооти воситаҳои ахбори омма аксар вақт дар баробари вожаи «ифротгароӣ», чунин мафҳумҳо, ба монанди таассуб, тундгароӣ, бунёдгароӣ ва терроризм истифода мешаванд. Аз ин рӯ, дар тафаккури одамон тасаввуроти пуриштибоҳ дар бораи шабоҳати ҳамаи ин истилоҳот пайдо мешаванд, ки дарки моҳияти ифротгароиро душвор мегардонад. Дар асл бошад, ин ҳама зуҳуроти мухталиф мебошанд. Ифротгароиро ҳамчун майлу рағбати шахсони алоҳида нуқтаи назари оштинопазирӣ, аз ҳама бештар дар соҳаи сиёсат, мешуморанд. Чунин мепиндоранд, ки аз ифротгароӣ то терроризм як қадам аст ва террористон, чун қоида, шахсонеанд, ки ба усулҳои ифротгароӣ моиланд.

Ба ақидаи мо экстремизм ин падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки таърихан тағйир ёфта, саъйу кӯшиши шахсиятҳои фаъоли сиёсӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, элитаи ҳукмрон ва аксулэлитаро дар самти амалӣ намудани ғояҳои сиёсии худ ва вазифаҳои гузошташуда бо тамоми воситаҳои дастрас, аз он ҷумла шаклҳои таъсиррасонии зӯроварӣ, ки ба ҳокимияти давлатӣ равона карда шудааст, ифода менамояд. Ба ақидаи мо экстремизм ин фаъолнокии субъектҳои сиёсӣ мебошад, ки ба заифгардии қобилияти системаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад ва ба маҳдуд гардидани дурнамои рушди истемаи сиёсӣ мусоидат менамояд.

Ифротгароӣ қабл аз ҳама зуҳуроти иҷтимоист, аз ин рӯ, барои он ки мазмуну моҳияти он кушода шавад, решаҳои иҷтимоии онро дарёфтан зарур аст. Ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ дар шароити буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷомеа пайдо шуда, бекорӣ, бенавоӣ омилҳои фаъолгардонандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Ба ибораи дигар, ифротгароӣ аз он ваҷҳ яке аз масъалаҳои хосси иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад, ки як навъ мавқеъи канориро дар худ таҷассум кардааст, ин мавқеъи канорӣ барои мавҷудияти шахс, ҷомеа ва давлат хатари хеле бузург дорад. Ифротгароӣ зуҳуроти иҷтимоиест, ки дар ҷомеаи инсонӣ дар шаклу муҳтавиёти гуногун аз даврони бостон инҷониб арзи вуҷуд дорад. Ифротгароӣ бо зӯроварӣ алоқаманд аст; бо воситаҳои зӯрӣ бор кардани мафкураи худ ба дигарон, зӯран афкандани хулқу рафтори як гурӯҳи иҷтимоӣ ба дигар гурӯҳи иҷтимоӣ. Ба ифротгароӣ баҳои ягонаи ё таърифи муайян додан мумкин нест, зеро ин зуҳурот мухталиф аст, дорои шаклҳо ва намудҳои мухталифи пайдошавӣ дорад. Аз ин рӯ, дар шуури омма ҳамчун зуҳуроти яклухти оммавӣ пазируфта нашудааст, ба тафсилоту таснифоти дақиқ эҳтиёҷ дорад, зеро ҳамаи шаклҳои пайдошавии он хусусияти ягонаи таҳрибкориро дорост. Амалҳои ифротгароӣ самараи ҳолатҳои ниҳоии экстремалӣ, қабл аз ҳама азҳадгузарониҳо ё норасоиҳо ба шумор мераванд. Барои ба амал омадани зӯроварӣ норозигиҳо, талаботи иҷтимоӣ, нигоҳ доштани эътибору нуфуз, мақом, худсобиткунӣ, эҷодиёт нақши муҳим мебозанд. Талаботи қонеънашудаи моддии ҷомеамардумро ба мубориза барои ба даст овардани ин талабот бармехезонад. Ҳама гуна ифротгароӣ, ҳамчун зуҳуроти хосси иҷтимоӣ бевосита ба инсони оммавӣ ва шуури оммавӣ нигаронида шуда, ба ҳайси он тартиботи иҷтимоии хосси ифротгароӣ арзи вуҷуд мекунад, ки ба қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофгардида муқобил гузошта шудааст. Аммо чунин тартиботи ба таври муназзам ба расмият даровардаи ифротгароӣ аллакай барвақт ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаро ба оқибатҳои комилан фавқулодда манфӣ маҳкум менамояд, ки ҳолати мазкур дахолати фаврии тамоми ҷомеа ва давлатро тақозо менамояд. Андозаи ифротгароиро фақат дар сатҳи яке аз ҷузъиёти фаъолияти ифротгароӣ муайян кардан мумкин нест. Боз як ҷузъиёти дигар, яъне идеологияи ифротгароиро бояд ба ҳисоб гирифт. Ифротгароиро аз ҷиҳати назариявӣ дар доираи чунин амалиёт маънидод кардан мумкин аст, ки на фақат бо амалҳои зиддиинсонии дараҷаи ниҳоӣ фарқ мекунад, балки он амалҳоест, ки дар замина ва ба хотири ғояҳои муайяни ифротгароӣ содир мешаванд. Ифротгароии ҳақиқӣ фаъолият, ғояҳо ва тарҳи муайяне ба шумор меравад, ки бар зидди ҷомеа, шахс ва давлат нигаронида шудааст.

Ифротгароии динӣ-сиёсӣ таърихи кӯҳан дорад. Дар таърихи ҷомеаи инсонӣ шаклҳои мухталифи зуҳуроти ифротгароии динӣ вомехӯранд; ин зуҳурот ба шароитҳои ба худ хосси иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа, сабабиятҳои махсуси иҷтимоӣ асос ёфтаанд. Ифротгароии динӣ маҳсули рушди ҷомеа, оқибатҳои манфии равандаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ифротгароии динӣ худ раванди иҷтимоист, ки ихтилофоти воқеии иҷтимоӣ-сиёсии дар ҷомеа бавуҷудомадаро инъикос менамояд. Нахустин ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ дар ҷаҳони ислом пас аз фавти Паёмбар Муҳаммад, вақте ки мубориза барои мероси сиёсӣ ва динии ҳукумат оғоз ёфт, пайдо шуд. Тибқи ақидаи муҳаққиқи рус И. П. Петрушевский, ҳаракатҳои тундравӣ ва динии ифротгароӣ дар олами ислом ҳангоми ҳукмронии Аббосиён арзи вуҷуд намуданд.

 Дигар муҳаққиқон ба ин андешаанд, ки ин ҳаракатҳо баъди вафоти халифа Умар ба вуҷуд омадаанд. Аммо ба мо нуқтаи назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наздиктар аст:раҳбари давлат собит менамояд, ки нахустин равияҳои динӣ-сиёсӣ ва ифротгароӣ дар ислом дар давраи ҳукмронии сулолаи Уммавиён пайдо шудаанд. Равияи аз ҳама машҳури ин сулола хавориҷиён, хуррамиён ва қарматиён ба шумор мерафтанд. Омӯзиши вазъи асосии ақоиди қарматиён ба аксар муҳаққиқон имкон дод, ки ин равияро ҳамчун равияи «инқилобгар» ва ҳатто «сотсиалистӣ» маънидод намоянд, ки ҳадафи он барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам маҳсуб меёфт.

Дар байни олимоне, ки ба омӯзиши масъалаҳои ифротгароии динӣ-сиёсӣ машғуланд, таснифоти навъи махсуси ифротгароии динӣ-сиёсӣ паҳн гаштааст. Ин душворӣ бахусус аз ҷониби гурӯҳи олимони Русия дар монографияи зери таҳрири Н. З. Сафаралиев хеле хуб таҳия гардидааст. Дар ин монография таснифоти чунин намудҳо ва шаклҳои ифротгароӣ оварда шудааст:

1. Ифротгароии байнимазҳабӣ, ки бар зидди намояндагони дигар мазҳабҳои динӣ нигаронида шудааст. Масалан, мубориза дар байни гурӯҳҳои динӣ-ифротгароии исломӣ, ҳиндӣ ва синкхия дар Ҳиндустон.

2. Ифротгароии дохилимазҳабӣ, ки дар дохили як дин мазҳабу равияҳои гуногуни он бар асоси гуногунии ғоявӣ муқобили ҳам қарор доранд. Масалан, гурӯҳҳои ифротгароии суннӣ, ки бар зидди аҳолии шиа амал мекунанд ё ташкилоти ифротгароии яҳудӣ, ки дар Фаластин фаъолият менамояд. Ба намуди охирини ифротгароӣ ҳамчунин муборизаи табақаҳои поёнии диниро алайҳи пешвоёни расмии динӣ ва умуман, ашрофони расмии динӣ мансуб донистан мумкин аст.

3. Ифротгароии зиддимодернизатсионӣ. Ин намуди ифротгароӣ зиддиқабули низоми арзишҳои байналмилалии нави дунявӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба ин назар аст, ки навгониҳои муосири дунявӣ ба ғояҳо ва меъёрҳои анъанавии динӣ мухолифанд. Ин намуди ифротгароӣ бахусус барои кишварҳои исломӣ (Эрон, Афғонистон, Судон) хос аст.

 4. Ифротгароии динӣ-сиёсии зиддинизомӣ (ба маънои маҳдуди он). Алайҳи ғояҳои сохти дунявие нигаронида шудааст, ки ташкилотҳои анъанавии диниро ба ҳайси мақоми қонунии қувваҳои сиёсӣ эътироф намекунанд (Алҷазоир, қисман Ӯзбекистон, Туркия).

5. Ифротгароии динӣ-сиёсии байналмилалӣ. Бар зидди давлатҳо ва ҳукуматҳои беруна, ҳамчунин алайҳи ташкилотҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст (Ал-Қоида ва дигар ташкилотҳои ба ҳамин монанди сиёсатмадори динӣ).

Аломати нисбатан муҳимми муайянкунанда барои таснифоти шаклҳои мухталифи ифротгароӣ, дар маҷмӯъ, субъекти фаъолияти ифротгароӣ ба шумор меравад. Намудҳои асосии ифротгароии дохилидавлатӣ метавонанд дар чунин фаъолиятҳо зоҳир шаванд: 1) шахсиятҳои алоҳида; 2) гурӯҳҳои нисбатан калон ё хурди иҷтимоӣ; 3) дар амалҳои бузург ва аз ҳад бузурги оммавии одамон. Мутаносибан, аз рӯйи тавсифоти миқдории субъектҳои фаъолият мо ифротгароии фардӣ, гурӯҳӣ ва оммавиро фарқгузоштаем. Ифротгароии гурӯҳӣ ва ифротгароии оммавӣ, ғайр аз ин, метавонанд ҳам хусусияти беихтиёрона, номуташаккил (масалан, амали тӯдаи кӯчагӣ) ва ҳам хусусияти қисман ё пурра муташаккил дошта бошанд. Тайи солҳои охир чунин рисолаҳои илмӣ нашр шуданд, ки дар онҳо на фақат ифротгароии динӣ, балки ифротгароии динӣ-сиёсӣ низ мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Хусусияти зуҳури ифротгароии динӣ дар Тоҷикистон дар омезиши он бо сиёсат асос ёфта, ифротгароии динӣ-сиёсӣ ба шумор меравад. Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ шакли аз ҳама хавфноки ифротгароӣ ифротгароии динист.

Нишонаи дигари бисёр муҳим барои таснифоти илмии ифротгароӣ аломати ба мазмуни ихтилофот ишоракунанда ба шумор меравад. Дар робита ба ин, ҳамаи намудҳои ифротгароиро метавонем ба шаклҳои асосии он ҷудо намоем. Дар байни онҳо қабл аз ҳама ҷудо намудани шакли муайянкунандаи ихтилофоти маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ зарур аст (дар байни онҳо шаклҳои ахлоқӣ ва ғоявӣ асосӣ маҳсуб меёбанд); баъдан, шакли муайянкунандаи намудҳои боқимондаи ихтилофот: иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ-равонӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Ва ниҳоят, аз рӯи шакли ихтилофоти иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки асоси фаъолияти ифротгароиро ташкил медиҳад, мо метавонем ифротгароии идеологӣ (ғоявӣ-ҷаҳонбинӣ), иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро ҷудо намоем.

Мутаносибан, аз рӯйи дараҷаҳои муташаккилии фаъолияти ифротгароӣ мо чунин намудҳои ифротгароиро муайян кардаем: 1. Ифротгароии идоранашаванда. 2. Мақсаднок (қисман идорашаванда). 3. Пурра идорашаванда (муташаккил). Ҳамин тавр, назар ба ақидаи мо, шаклҳои одии ифротгароӣ хеле кам вомехӯранд (ифротгароии соф иқтисодӣ, ифротгароии соф сиёсӣ ва ғ.), аммо, ба ҳар ҳол, онҳо ҳанӯз пойбанди шаклҳои боқимонда мебошанд ва яке аз онҳо одатан хусусияти муайянкунанда, боқимондаҳо хусусиятҳои иловагӣ ва вобастагиро доро мебошанд. Ба таври хулоса метавон гуфт, ки муайянкунии намудҳо ва шаклҳои мухталифи ифротгароӣ ба мафҳуми «ихтилофоти иҷтимоӣ-сиёсӣ» асос ёфтааст.

Маҳз ҳамин мафҳум ба мо имкон медиҳад, ки намудҳо ва шаклҳои мухталифи ифротгароиро пурра ва амиқ фарқ карда, тасвир намоем. Дарвоқеъ, ифротгароӣ, тибқи нуқтаи назари такмилёбанда, ин муайянкунии тарҳи муносибатҳои сиёсист, ки ба ҳалли (рафъи) ким-кадом ихтилофоти иҷтимоӣ-сиёсӣ равона шудааст. Бидуни ихтилофот дар хусуси амалҳои ифротгароӣ сухан гуфтан маънӣ надорад ва чунин амалиёт мазмуни иҷтимоӣ-сиёсиашро гум мекунад ва ба стаҳи равоншиносии (психопатологияи) муқаррарӣ мефарояд. Ҳангоми ҷудо кардани шаклҳои мухталифи ифротгароӣ, меъёри ягона ҳамчун асос барои муайянгардонии он истифода намебаранд. Аммо чуноне, ки аз номгӯи гуногуншаклии ифротгароӣ дида мешавад, таваҷҷуҳ ба ҷудо кардани ин гуногуншаклӣ аз рӯи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ равона мегардад. Ягонаги ҳаёти маънавии ҷомеа дар ҳаёти воқеӣ ба он оварда мерасонад, ки шаклҳои мухталифи ифротгароӣ дар намуди соф вуҷуд надорад, балки ин шаклҳо якдигарро пурра мегардонанд, ба ҳамдигар таъсири мутақобила мерасонанд.

Хулоса ба гуногуншаклии ифротгароӣ тарҳҳои умумӣ хосанд: зӯроварӣ ё таҳдиди он, одатан мусаллаҳшавӣ; якандозагӣ, яктарафагӣ дар эҳсоси душворҳои ҷамъиятӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо; таассубу якравӣ барои ба даст овардани ҳадафҳои худ дар робита бо таҳмил кардани шарту талабот ва нуқтаи назари худ ба ҳарифон; бидуни фикр, бидуни гуфтугӯ иҷро намудани ҳамаи фармонҳову дастурамалҳо; такя додан ба эҳсосоту савқи табиӣ (инстинкт) ва на ба ақлу шуур; созишкорӣ ё рад кардани он ва ғ. Мутаносибан, ғояҳои равшанкунандаи ин ё он роҳҳо низ, фақат дуто буда метавонад: ғояе, ки ҳолати мавҷударо ҳақ мешуморад ва ғояе, ки онро барои тағйирдиҳӣ ва азнавсозии тартиботи ҷорӣ маҳкум мекунад.

Маҳмадизода Н.Д., доктори илмҳои фалсафа, профессор