ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

97

Таҳти ин унвон имрӯз (03.07.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар конференсия ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, профессор Саломиён М., намояндаи сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Ш. Шамсутумнов, намояндаи сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Чэн Дайвен, намояндаи сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Ҷ. Капур, намояндаи сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон З. Мардонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сипас, гардонандаи конференсия, муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. навбатро ба ирои маърӯзаҳо супорид. Дар ҳамоиш декани факултети ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Д.С., декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Х.Самиев, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДМТ Т.Шарипов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Р.Нуриддинов дар робита ба масъалаҳои гуногуни СҲШ маърӯзаҳо намуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз самти калидии фаъолияти донишгоҳ – равобити байналмилалии он мебошад. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифоъ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз қисматҳои асосии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин самт ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисон ва узви фаъоли ин созмон маҳсуб меёбад, мавқеи назаррас дорад. Хушбахтона, имрӯз дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Донишгоҳи миллӣ бо ниҳодҳои гуногуни давлатҳои узви СҲШ ва дигар ниҳодҳои илмию таълимии сатҳи байналмилалӣ густариш меёбад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша ҳамоиш дар ду бахш: ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии дипломатияи бисёртарафа, инчунин, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ пешбинӣ шудааст.