ЭЪТИМОД БА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

334

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хавфу хатарҳои ҷаҳони муосирро хеле хуб дарк менамоянд ва дар ин самт ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар эътимод доранду бештар такя мекунанд. Чунин гуфтан мумкин аст, ки маҳз, заҳмати садоқатмандонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҷиби оромиву сулҳу суботи ватани мост. Ҳамин эътимоду боварист, ки дар Паёми имсола таъкид гардид, ки аз моҳи янавари соли 2024 маоши кормандони ин ниҳод 40 фоиз баланд бардошта мешавад. Дар маҷмӯъ дар соли 2024 маошу нафақаву стипендия дар ҷумуҳурӣ аз 30 то 40 фоиз баланд бардошта мешавад. Аммо дар навбати аввал аз оғози сол баланд бардоштани маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маънии онро дорад, ки кафолати сулҳу суботи кишвари мо қавитар мегардад. Дар баробари ин “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 масъулияти намояндагони ин ниҳодро баландтар гардонида метавонад. “Соли маърифати ҳуқуқӣ” боиси он мегардад, ки хавфу хатарҳои сиёсатҳои хатарнок ва идеологияҳои бегона ба кишвари мо ба маротиб кам гардад.

НАҚШИ ЗАН-МОДАР

Масъалаи омӯзишу таҳсили бонувон дар Паёми имсола махсус таъкид гардид ва дар баробари ин дар чанд нуқтаи дигар зикр гардидани ин масъала гувоҳи он аст, ки мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо торафт баланд бардошта мешавад. Дар ҳошияи ин андешаҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он ёдовар гардиданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар 256 ҳазор нафар бонувон макотиби олиро хатм кардаанд, ки дар қиёс ба замони шӯравӣ ба маротиб зиёд аст. Эҳтироми модар ва таъкид аз он ки ҳамаи мо парвардаи модар мебошем, ба он нуқта нигаронида шудааст, ки мо бояд нисбат ба модарон беэҳтиром набошем. “Модари тоҷик – модари ҳар яки мост” гуфтани Роҳбари давлат як омили муттаҳидсози дигар дар ҷомеаи кунунии мо мебошад.

ТАЪЛИМИ ФАРЗАНД

Масъалаи таълим, маориф ва илмомӯзӣ чун ҳамешагӣ дар мадди назари Роҳбари давлати мо қарор дорад. Ишораи Пешвои муаззами миллат нисбат ба “таълиму тарбияи ҳозиразамон” ба он нигаронида шудааст, ки бояд волидайн дар таълиму тарбияи насли навраси замон бетафовут набошанд. Сад дар сад дуруст аст, ки бемасъулиятӣ оқибати нек надорад ва барои зомин нашудан ба ҳаёти нохуби фарзандон бояд хеле амиқ андеша дошта бошем. Дар ҳақиқат имрӯз бояд дар бораи насли ояндасоз – меъмор, муҳандис, барномасоз ва мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи замон чораандешӣ намоем.

ИҶТИМОИЁТ

Таҳлилҳои қиёсӣ дар Паём аз он дарак медиҳанд, ки Роҳбари давлат набзи ҳаёти иҷтимоиро мефаҳманд ва аз зиндагии мардуми худ огаҳ мебошанд. Ҳамин буд, ки дар Паёми имсола ҷанбаҳои инсондӯстона бештар буданд. Зиндагии шоистаи инсон дар ҷомеаи мо яке аз ҳадафҳои меҳварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва аз мазмуни ҳар як ҷумлаи Паём баромеояд, ки Роҳбари давлат вазъи ҷаҳони муосир ва хатарҳои таҳдидкунандаро хеле хуб медонанд. Дуруст аст, ки даҳсолаи охир бинобар буҳронҳои шадиди умумиҷаҳонӣ низоми иқтисодии тағйирпазир гардид. Буҳронҳои амиқи иқтисодӣ торафт шиддат меёбанд ва маълум аст, ки алҳол давлатҳои алоҳида дар домани фақру гуруснагӣ қарор доранд. Ҷои инкор нест, ки Тоҷикистон чандин мавҷҳои ин буҳронҳои ҷаҳониро муваффақона паси сар намудааст. Боз ҳам тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки дар соли 2024 маош, стипендия ва нафақаву кумакпулиҳо дар ҳаҷми аз 30 то 40 фоиз баланд бардошта мешаванд.

СОҲИБКОРОН ВА БУНЁДКОРИҲО

Дарвоқеъ, даҳсолаи сеюми соҳибистиқлоли кишвари мо ин суръати баланд пайдо кардани созандагиву бунёдкориҳо мебошад ва дар ин самт нақши соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ қобили зикр аст. Ҳамин буд, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба фаъолияти соҳибкорон баҳои мусбат дода шуд. Аз оҳанги суханрониҳои Роҳбари давлат дар ин самт чунин бармеояд, ки як намунаи баланди ватандӯстӣ ин саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳову иншоотҳои гуногун аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ мебошад. Дар ин масъала Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ ишора намуданд. Миннатдории Роҳбари давлат ба соҳибкорон мантиқи бузурге дорад ва дар оянда мҷиби пешрафту бунёдкориҳои зиёди дигар гашта метавонад. Муроҷиат ба соҳибкорони ватанӣ ин қабл аз ҳама эътимоду боварии Роҳбари давлат ба онҳо мебошад. Бунёди 75 дидбонгоҳи сарҳадӣ аз ҷониби соҳибкорон дар қитъаҳои сарҳадии кишвар амали беминнат баҳогузорӣ гардид ва ин падида маънии онро дорад, ки танҳо халқи тоҷик диёри худро ободу бехатару шукуфон гардонида метавонад.

доктор илмҳои филология, профессор Қутбиддинов А.Ҳ.