ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ДМТ ВА ДОМ БА ИМЗО РАСИД

501

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо Раиси Шурои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктор Шамш Кассим-Лакха, декани Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктор Максим Борисович ва мудири иҷроияи донишгоҳи мазкур Музаффар Ҷорубов мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ректори донишгоҳ меҳмононро оид ба зарфияту имкониятҳо, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис, забономӯзӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки донишгоҳ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода намуда, ҳамкории он бо сохторҳои илмию таълимӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Дар навбати худ меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои илму таълим ва табодули устодону донишҷӯён арзёбӣ намуданд. Дар зимн миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ ба имзо расид.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.