Кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон

мудири кафедра

сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

Ҳукмишоев Зафар

Кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2005 дар натиҷаи тақсим кардани кафедраи сиёсатшиносӣ таъсис дода шуд. Мудири кафедра доктори илмҳои сиёсӣ Нуриддинов Р.Ш. интихоб гардид. Ӯ то моҳи августи соли 2006 дар ин вазифа кор кард.  Аз соли 2006 то ибтидои соли 2013 сарварии кафедраро номзади илмҳои фалсафа, профессор Муҳаббатов А. ба уҳда дошт. Айни замон мудирии кафедра ба зимаи номзади илмҳои сиёсї, дотсент Ҳукмишоев З.Д. вогузошта шудааст. Дар кафедра 10  нафар устодон ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғуланд ва онҳо аз рӯйи 23 фан ва курсҳои махсус дарс медиҳанд.

Самти асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедра ба баррасии мавзӯи “Масъалаи актуалии равандҳои сиёсии Тоҷикистон” равона шудааст. Аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмӣ кормандони кафедра зиёда аз 25 китоб ва миқдори зиёди мақолаҳои илмӣ чоп намудаанд.

Аз ҷониби доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедра Маҳмадов А.Н. соли 2008 китоби “Национальные интересы Таджикистана”, соли 2010 китоби дарсии “Сиёсатшиносӣ”, соли 2011 китоби дарсии “Риторика ва баҳси сиёсӣ, соли 2012 дар ҳаммуаллиф бо дотсент Қудусов Х.С. китоби дарсии “Методикаи таълим ва таҳқиқи сиёсатшиносӣ”, соли 2013 китоби дарсии “Муқаддимаи идеяи миллӣ” ва соли 2014 бо ҳаммуаллифӣ бо дотсент Қудусов Х.С. китоби дарсии “Назарияҳои сиёсии муосир”-ро таълиф намудааст. Аз ҷониби профессори кафедра Муҳаббатов А. соли 2011 китоби илмии “Ҳизбҳои сиёсӣ: воқеият ва дурнамо” ва соли 2013 китоби дарсии “Сиёсатшиносӣ” рўйи чоп оварда шудаанд. Дар ин давра унвонҷӯён ва аспирантони кафедра Ҳукмишоев З., Ниёзов С.О. ва Қудусов Х.С. рисолаҳои номзадиашонро бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илм гаштаанд.

Ҳайати устодону кормандони кафедра

  1.        Маҳмадов А.Н. – доктори илмҳои сиёсӣ, профеccор;
  2.        Муҳаббатов А. – номзади илмҳои сиёсӣ, профессор;
  3.        Ҳукмишоев З. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;
  4.        Ниёзов С.О. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;
  5.        Аҳадов Ҷ. – номзади илмҳои таърих, дотсент;
  6.        Қудусов Х.С. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;
  7.        Шаъбонов Н.Н. – муаллими калони кафедра;
  8.        Гадоев Н.З. – ассистенти кафедра;
  9.        Абилов С. – ассистенти кафедра;
  10.    Қаландаров К. – ассистенти кафедра;

МАҲФИЛҲОИ КАФЕДРА

Дар назди кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳфили «Дунёи сиёсат» фаъолият менамояд. Маҳфили мазкур маҳфили илмии донишҷӯйӣ буда, дар он донишҷӯёни фаъоли ихтисоси «Сиёсат ва идораи давлатӣ» аъзо гардидаанд. Ғайр аз ин, дар нишасту ҷамъомадҳои маҳфил донишҷӯёни ихтисосҳои дигар, аз ҷумла берун аз факултет низ метавонанд иштирок намоянд. Аслан ҷамъомади аъзоёни маҳфил моҳе як маротиба баргузор гардида, дар он аъзоёни маҳфил бо маърӯзаҳои худ баромад хоҳанд кард. Роҳбарии маҳфил бар дӯши номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон Қудусов Х.С. вогузор гардидааст.

Маҳфили «Дунёи сиёсат» дар шабакаи интернет сомонаи интернетии худро дорад (www.dunyoi-siyosat.ru). Пеш аз ҳама, сомонаи мазкур барои чоп намудан ва дастраси ҳамагон гардонидани корҳои илмии донишҷӯён пешбинӣ гардидааст. Бинобар ин, маърӯзаҳои донишҷӯён баъди баргузории ҷамъомади маҳфил аз ҷониби сарпарасти маҳфил таҳрир гардида, дар сомонаи он чоп карда мешавад.

Инчунин дар доираи фаъолияти маҳфили «Дунёи сиёсат» донишҷӯён барои иҷроиши корҳои мустақилона низ сафарбар мегарданд, ки натиҷаи корҳои мустақилонаи онҳо низ дар саҳифаи интернетии маҳфил чоп карда мешавад. Мавзӯъҳои корҳои мустақилона озод аст. Масалан, донишҷӯён дар бораи созмону ташкилотҳои байналхалқӣ, луғатҳои алоҳидаи илмҳои сиёсӣ, дар бораи бузургони дунёи сиёсат ва монанди инҳо мустақилона мавод омода намуда, ба сарпарасти маҳфил месупоранд, ки маводҳои мазкур баъди таҳрир дар саҳифаи интернетӣ чоп мегардад.

Нишасту ҷамъомадҳои маҳфил моҳе як маротиба баргузор мегардад, ки мавзӯъҳои он тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои маҳфил сурат мегирад. Ғайр аз ин, аъзоёни маҳфил моҳе як маротиба барои суҳбат ва тавсияҳои методию таълимӣ даъват мегарданд. Айни замон шумораи аъзоёни маҳфил 20 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо донишҷӯёни курсҳои дуюм, сеюм ва чоруми ихтисоси «Сиёсат ва идораи давлатӣ» мебошанд. Дар маҳфили «Дунёи сиёсат» масъалаҳои сиёсии ҷомеа мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешавад.

Ҳамчунин дар назди кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон як маҳфили инфиродӣ таҳти унвони «Ҳикмати озодагон» зери роҳбарии профессор Маҳмадов А.Н. низ амал менамояд. Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни фаъоли ихтисоси «Сиёсат ва идораи давлатӣ» ва аспирантону унвонҷӯён ширкат меварзанд. Маҳфили мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар факултети фалсафа баргузор мегардад, ки дар он аъзоёни маҳфил маърӯзаҳои омоданамудаи худро қироат намуда, барои иҷроиши корҳои мустақилона ва анҷоми корҳои илмию таҳқиқотӣ сафарбар мегарданд.