КОНФЕРЕНСИЯ: САРФАРОЗИИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ ҶАВОН

358

Имрӯз (23.05.2022) бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар толори калони Донишгоҳи миллӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди илму маорифи кишвар» конференсияи ҷумҳуриявиии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни конференсия номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ Ғ. Шоев дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар рушди илмҳои гуманитарӣ» (дар мисоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва номзади илмҳои техникӣ, декани факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара Ф.Алиев дар мавзӯи «Саҳми олимони ҷавон дар татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»» маърӯза намуданд.

Баъд аз ироаи маърӯзаҳо дар фазои тантанавӣ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Р.Ҳ. зумрае аз омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳуриро бо Ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ намуд.

Дар ин миён аз Донишгоҳи миллӣ иҷрокунандаи вазифаи декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ С.Ҷаъфаров ва дотсенти факултети химияи ДМТ Э.Ғозиев бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.