КОНФЕРЕНСИЯ: СОЗАНДАГИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

795

Имрӯз (15.11.2021) бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид. Қисмати ифтитоҳии ҳамоиши мазкур дар бинои Дастгоҳи иҷроияи Президент бо иштироки васеъи аҳли зиёи мамлакат доир гардид.

Нимаи дуюми рӯз бахши иқтисодии конференсияи мазкур дар толори калони Донишгоҳи миллӣ доир гардид.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ афзуд, ки рӯзи 16-уми ноябр дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳамчун рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин ҷашн Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ конференсияи илмӣ баргузор намуд. Бахши иқтисодии чорабинии мазкур бо иштироки иқтисоддонҳо, мутахассисон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ гузаронида мешавад.

Ҳамин тавр, Ректори донишгоҳ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол» суханронӣ намуд.

Сипас устоди донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Умаров Х.У. дар мавзӯи «Туристический потенциаль Республики Таджикистан и пути его развития» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисодиёти муосир маҳсуб ёфта, барои рушди иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ мавқеи хоса дорад. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар эълон намудани солҳои 2019-2021-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид ва боиси дастгирӣ мебошад.

«Стратегияи тамаддунсозии пешвоӣ дар роҳбарии асри XXI». Бо чунин унвон дар конференсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғаниев Т.Б. суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ сол то сол афзоиш ёфтани таззодҳо ва иҷрои қарорҳои идоракунӣ мушоҳида гардида истодааст. Вобаста ба ин, равандҳои асосии тамаддунсозии пешвоӣ дар асри 21, аз роҳбарони ҳамаи сатҳ ва зинаҳои идоракунӣ таҳияи стратегияи мушаххасро тақозо менамояд, ки ҷиҳати ноил гардидан ба мақсаду ҳадафҳои роҳбарӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Масъалаи дигаре, ки дар конференсияи мазкур аз ҷониби мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ буд. «Истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ на танҳо як самти стратегии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, балки яке аз масъалаҳои асосӣ ва рӯзмарра дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад»- афзуд доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳ.Р. ҳангоми баррасии маърӯза: «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истифодаи самараноки иқтидорҳои обию энергетикии ҷумҳурӣ».

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. зимни ироаи маърӯзаи хеш «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми молиявию бонкдории мамлакат» иброз дошт, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини муътадилии иқтисоди мамлакат аз рушди низоми молиявию бонкӣ вобастагии калон доранд, ки оид ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола диққати махсус зоҳир намуда, дар баромаду суханрониҳои худ оид ба рушди ин самти муҳимми иқтисодиёти миллӣ пайваста таъкид намуда, тавсияҳои муфид медиҳанд.

Ҳамин тавр, дар идомаи конференсия устодон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шаропов Ф.Р. дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тағоев Ҷ.Ҳ. оид ба мавзӯи «Саноатикунонӣ ва зарурияти гузариш ба рушди инноватсионӣ дар кишоварзӣ ва комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодиров Ф.А. дар робита ба мавзӯи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайянсозии ҳадаф ва афзалиятҳои рушди иқтисодӣ», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳмонов Ҷ.С. оид ба мавзӯи «Рушди саноати миллӣ дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Ё.С. дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳӣ: имкониятҳо ва дурнамои рушд» суханронӣ намуданд.