КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: РУШДИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ЗАМОНИ ҶАҲОНИШАВӢ

569

 Имрӯз (03.12.2021) дар доираи ҳамкориҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Мордовия ба номи В Н.П. Огарёва (шаҳри Саранск), Федератсияи Русия конференсияи байналмилалии илмию методӣ таҳти унвони “Таҳсили озоди забони русӣ: талаботи замони муосир ва дурнамои рушд” баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо иштироки олимони дохилу хориҷи кишвар ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайнӣ) доир гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., декани факултети филологияи руси ДМТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мухаметов Ғ.Б., роҳбари Маркази русӣ дар назди ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нағзибекова М.Б., декани факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ Самиев Х.Д., иҷрокунандаи декани факултети минтақашиносӣ ва маорифи этнофарҳангии Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав, профессор Омелченко Е.А. ва директори Маркази илмию таълимии “EXTEND”-и Донишгоҳи давлатии техникии Магнитогорск ба номи Г.И. Носова, Федератсияи Русия, ҳамзамон, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони факултети филологияи руси ДМТ, номзади илмҳои педагогӣ Оринина Л.В. суханронӣ намуданд.

Сипас дар толорҳои Шӯрои олимон ва Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ бахшҳои ҳамоиш: а) лоиҳаҳои инфрасохторӣ барои пешбурди забони русӣ дар хориҷа: беҳтарин таҷриба; б) тахассуси муаллими муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ; в) забонҳои ҷаҳон ва муколамаи фарҳангҳо: забони русӣ дар заминаи муоширати байнифарҳангӣ доир гардид.

Дар ҷараёни конференсия дар робита ба масъалаҳои омӯзиши забони русӣ ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта аз марказҳои омӯзиши забонҳо ва муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Бразилия, Гурҷистон, Эрон, Чин, Латвия, Сербия, Ӯзбекистон, Финландия тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) низ иштирок намуда, оид ба мавзӯи мазкур маърӯзаҳо ироа намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки ин ҳамоиш як омили муҳим барои боз ҳам таҳким бахшидани дӯстӣ ва рушди равобити байналмилалии кишварҳои ҳамкор дар самти омӯзиши забони русӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи ҳамоиш маводи конференсияи илмию методӣ “Таҳсили озоди забони русӣ: талаботи замони муосир ва дурнамои рушд” дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (eLIBRARY.RU) ҷой мегардад.