КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ

36

Имрӯз (18.03.2026) бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Интихоби касб, инноватсия ва рақамикунонии таҳсилот: вазъият ва дурнамо» бо иштироки васеи муҳаққиқон ва омӯзгорони соҳаи педагогика баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аҳамияти рушди таҳсилоти муосир, мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат ва нақши инноватсия дар баланд бардоштани сифати таълим муҳим мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии босуръат, таҳсилот бояд на танҳо дониш, балки малакаҳои амалии рақобатпазирро низ ташаккул диҳад.

Дар ҷараёни нишаст, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика, профессор Мирализода Абдусалом, дар мавзуи «Нақши омӯзгор дар интихоби бошууронаи касб аз ҷониби хонандагони синфҳои болоӣ» маърӯза намуда, ба масъалаи роҳнамоии касбии хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ба таъкиди ӯ, омӯзгор ҳамчун шахси калидӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии хонанда, метавонад тавассути машваратҳои инфиродӣ, усулҳои интерактивии таълим ва шиносоии касбҳо ба хонандагон дар

Ҳамзамон, профессори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Негматов Саъдуллоҷон дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ дар фазои таҳсилот» баромад намуда, зарурати воридсозии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро ба низоми таҳсилот асоснок намуд. Ӯ зикр кард, ки истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад раванди таълимро фардисозӣ намуда, имконияти таҳлили амиқи натиҷаҳои таълим, пешгӯии пешрафти хонанда ва мутобиқсозии барномаҳои таълимиро фароҳам оварад. Ин, дар навбати худ, самаранокии таҳсилотро баланд мебардорад ва онро ба сатҳи байналмилалӣ наздик месозад.

Дар идомаи нишаст, дотсент Назири Латофат дар мавзуи «Нақши таҳсилот ва имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар интихоби дурусти касб» таъкид намуд, ки ҳамгироии таҳсилот бо технологияҳои рақамӣ метавонад ба хонандагон дар шинохти қобилиятҳои инфиродӣ ва интихоби касбҳои мувофиқ мусоидат намояд. Ба гуфтаи ӯ, платформаҳои рақамӣ ва системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд тавсияҳои инфиродӣ пешниҳод карда, интихоби касбро илмӣ ва асоснок гардонанд.

Ҳамчунин, дотсент Ахмедова Мушарафа дар мавзуи «Зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, сохтор ва марҳилаҳои таҳсилоти касбиро таҳлил кард. Ӯ зарурати такмили пайванди миёни зинаҳои гуногуни таҳсилот ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи иқтисоди миллӣ ва бозори меҳнатро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки интихоби дурусти касб омили калидии ташаккули фаъолияти минбаъдаи шахс ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Дар ин замина, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ, бахусус зеҳни сунъӣ, метавонад раванди роҳнамоии касбиро такмил дода, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат намояд.