КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ОЗОДИВУ СОҲИБҲУҚУҚӢ

294

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

28-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсозро таҷлил менамоем.

Фаромӯш набояд кард, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик фазои нави сиёсӣ ва саҳифаи наверо боз намуд. Тавъам омадани ин ҷашн ба 28-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳимми таърихӣ дониста мешавад.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асосу партави он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархӯрдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукуҳу тантана таҷлил менамоянд».

Ёдовар шудан лозим аст, ки дар давоми 28 соли Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст. Дар ин давра нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ, ҳамзамон, дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ назаррас аст. Маҳз дар давоми 28 соли Конститутсия ин муассисаи илмиву таълимӣ барои мақомоти суд, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва берун аз он мутахассисони баландихтисосро тайёр намудааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати ҳуқуқӣ ва бунёдкоронаи Сарвари Давлат, инчунин, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи қонунгузории кишвар пешраву пешсаф ҳастанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи Шуморо ба муносибати 28-умин соли қабули Қонуни асосӣ ҳамчун заминаи пойдори тамоми қонунгузории давлат самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурборро дар заминаи қонунгузориҳои кишвар таманно дорам.