КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ БО АШЁИ ХОМИ ВАТАНӢ

165

Имрӯз (12.02.2022) дар толори Шурои олимони Институти илмию таҳқиқотӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти илмию таҳқиқотӣ ва садорати факултети химия дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” семинари илмию амалӣ баргузор гардид.

Семинари илмӣ бо ташаббуси озмоишгоҳи илмӣ таҳқиқотии “Химияи гилитсерин” ва кафедраи химияи органикӣ дар мавзӯи “Ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи ихтирокорию навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои каммасраф бо дарназардошти ашёи хоми ватанӣ” гузаронида шуд.

Нахуст директори Институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ С. Раҷабов оид ба тақвият ва пурзӯр намудани фаъолияти маҳфилҳо, семинарҳои илмӣ, конфренсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар риштаи илмҳои математика, физика, химия, биология ва фарматсевтӣ, инчунин, ҳамкориҳо миёни ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуд. Сипас доктори илмҳои биологӣ, Бобозода Ғуломқодир Мукамол вобаста ба мавзӯи ҳамоиш маърӯза намуд.