КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

8

Ҷумъазода Меҳроб Одина,

профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

Коррупсия зуҳуроти ниҳоят харатноки ҷомеа буда, пояҳои давлатдориро заиф ва пешрафти иқтисодиро халалдор менамояд, боварии шаҳрвандонро ба шохаҳои ҳокимият коста мегардонад, зеро он суистифода аз мақоми хидматӣ ба хотири манфиати шахсӣ буда, адолати иҷтимоиро аз байн мебарад, ба рушди тамоми соҳаҳо монеъ мешавад ва нобаробарии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, онро метавон проблемаи глобалие номид, ки ҳатто ба амнияти миллӣ таҳдид ва ахлоқӣ ҷомеаро вайрон мекунад.

Ҷиҳатҳои хатарноки коррупсия:

– зарари иқтисодӣ – фазои сармоягузориро ба ҳолати ногувор рӯ ба рӯ мекунад, захираҳо на ба манфиати мардум, балки ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида истифода мешаванд, ки ин метавонад ба пешрафти соҳибкории дурусту бовиҷдонона ва ба рушди иқтисод халал эҷод намояд.

– аз байн рафтани эътимоду боварӣ – боварии аҳолиро ба сохторҳои давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ коста мегардонад.

– ноадолатии иҷтимоӣ – барои «худӣ»-ҳо ва сарватмандон афзалиятро таъмин менамояд, шахсони соҳибистеъдодро аз имкониятҳо маҳрум менамояд, ки ин амр таҳарруки иҷтимоиро халалдор мегардонад.

– таҳдид ба амният – ба ҷинояткории муташаккил, терроризму экстремизм замина мегузорад, ҳамчунин қобилияти мудофиавии давлатро заиф мегардонад.

– заволи идорӣ – вақте ки он ба зуҳуроти оммавӣ табдил меёбад, сохторҳои давлатию хусусиро аз роҳи рост берун мекунад, омилҳои даст задан ба кори ҳалолу бовиҷдононаро аз байн мебарад.

– халалдор гардидани ҳуқуқҳо – амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро халалдор менамояд.

Шаклҳои зуҳури коррупсия:

· ришвагирӣ, таҳдиду найранг, фиребгарию қаллобӣ, ошнобозӣ:

· ғайриқонунӣ истифода бурдани ҳокимият, дуздию ғоратгарӣ;

· лоббигарӣ ё фаъолияти ҳадафмандона, ки метавонад ба мутеъкунонӣ бо роҳи ришвадиҳӣ табдил ёбад.

Оқибатҳои ногувори коррупсия:

– ба болоравии сатҳи ҷиноятӣ ва шиддати муносибатҳои иҷтимоӣ боис мегардад;

– ахлоқи ҷомеаро вайрон намуда, меъёрҳои ахлоқиро аз байн мебарад;

– системаи адолати иҷтимоиро нобуд мекунад.

Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, андешидани тадбирҳои бисёр муҳимро тақозо менамояд. Пеш ҳама, бояд:

– қонунгузорӣ бар зидди он пурзӯр карда шавад;

– дараҷаи баланди шаффофият дар фаъолияти шохаҳои мухталифи ҳокимияти таъмин гардад;

– масъулияти ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Коррупсия дар шароити имрӯза яке аз проблемаҳои ниҳоят ҷиддӣ буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта метавонад. Оқибатҳои он ниҳоят ногувор мебошанд. Ба хусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ он зуҳуроти ниҳоят хатарнок ба ҳисоб рафта, ҳамчун проблемаи байналмилалӣ на танҳо ҳамоҳангии фаъолияти кишварҳои алоҳида, балки ҳамоҳангии фаъолияти созмонҳои байналмилалиро низ тақозо менамояд. Он зуҳуроти аз ҳама харобиовар барои иқтисод, пешрафти иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардум ва сулҳу эътидоли ҳар кишвар ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза барои коррупсия тамоми заминаҳои маъмурию ҳуқуқӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, барои аз байн бардани он муборизаи якҷоя зарур аст. Барои ин тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа бисёр муҳим мебошад. Зарур аст, ки насли наврас дар руҳияи ростқавлию парҳезгорӣ, таҳаммулпазирӣ ва адолатдӯстдорӣ тарбия карда шавад, то таваҷҷуҳи тамоми ҷомеа барои муқовимати ҷиддӣ бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубе, ки ба рушди устувори давлат ва зиндагии шоистаи мардум халал мерасонад, равон гардад. Мутаассифона, сарфи назар аз ҳамаи кӯшишҳои давлату ҳукумат коррупсия ва заҳуроти он яке аз омилҳои хатарноку нанговар дар ҷомеа боқӣ мемонад.

Имрӯз муҳим аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза ба муқобили коррупсия дар канор набошад ва дар ин самт бо мақомоти давлатӣ фаъолона ҳамкорӣ намояд. Ришваситонию тамаъҷӯйӣ ва коррупсия, ҳамчун балои замон, аз амалҳои ниҳоят нафратангезе мебошанд, ки бо террориму экстремизм муқоисашавандаанд. Шахсоне, ки ба ин амалҳои номатлуб даст зада, нисбат ба тақдири халқу ватани хуб бепарво мебошанд ва пешрафту шукуфоии онро намехоҳанд, набояд дар ҷомеа мақоми баланд дошта бошанд. Чунин шахсон сазовори ҷазо буда, барои ҷомеа арзише надоранд.

Махсусан, пеш аз ҳама, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бояд даст аз чунин амали ношоиста бардоранд ва бод илу нияти пок ба халқу Ватан хизмат кунанд, зеро ба коррупсия машғул будани ходимони давлатӣ теша ба решаи давлату миллаи задан аст. Шахсоне, ки чунин амали нангини ходимони давлатиро мебинанду, чашм пӯшида бетарафӣ зоҳир менамоянд, низ ба ҷинояти онҳо шарик мебошанд. Аз ин рӯ, ба ин амал бетараф будан нашояд. Мубориза ба муқобили коррупсияро танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисобида, ба зиммаи эшон гузоштан ҳам аз рӯйи инсоф нест, балки ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд бар ин самт бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, бо ин амали нангин мубориза барад ва барои ташаккул ёфтани афкори зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ҳисса гузорад.

Мубориза бо коррупсия бояд амали бошуурона ва қарзи шаҳрвандию инсонии ҳар як сокини кинвар ба ҳисоб равад. Ҳар кадоми мо барои ташаккули ҷомеаи боадолату орӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар канор набошем, ва дар ин ҷода масъулият зоҳир намоем, зеро танҳо дар шакли дастаҷамъӣ ин амали номатлубро решакан намуда, ба пешрафту шукуфоии кишвар метавон ноил шуд. Мубориза бо коррупсия на танҳо ба қабули қонунҳо ва риоя намудани онҳо вобаста мебошад, балки он масъулияти маънавӣ дар назди наслҳои имрӯзу оянда ба ҳисоб рафта, барои таъмини адолати иҷтимоӣ, зиндагӣ дар ҷомеаи осоишта ва орӣ аз амалҳои коррупсионию ноадолатӣ шароити мусоид фароҳам меорад.