Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳро Самиев Зоҳидҷон Қурбонович

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДМТ дар самти масъалаҳои таълим, меҳнат, истироҳат ва корҳои маданӣ-оммавӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мебарад.

Дар ДМТ то соли 1979 Кумитаи иттифоқи касабаи устодону донишҷӯён якҷоя амал мекарданд ва дар яке аз конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ҳамон сол масъалаи ҷудо намудани Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён аз ҳайати Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон гузошта шуд.  Cабаби ҷудо намудани Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён аз ҳайати Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон афзудани сафи донишҷӯён дар Донишгоҳ буд.

Кумитаро дар солҳои мавҷудияташ шахсони зерин роҳбарӣ намудаанд: Ёқубов Мукам Холович, Расулов Абдуллоxон, Аминxонов Илҳом, Ниёзов Пӯлод.

Кумита дар солҳои фаъолияташ барои беҳтар намудани шароити таълиму истироҳати донишxӯёни ятиму бепарастор ва маъюб корҳои назаррасро анҷом додааст. Ҳамчунон, дар коркарди лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон таъмир ва ободонии хобгоҳҳо, ташкили истироҳатгоҳҳои саломатию варзишӣ, корҳои маданӣ-маърифатӣ ва пойгоҳҳои варзишӣ ширкати фаъолона меварзад.

          Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён дар тақсими масоҳати истиқомати дар хобгоҳҳои Донишгоҳ бе восита иштирок намуда, барои беҳтар намудани шароити истиқомат саҳм мегузорад.

  Аз соли 2003 то имрӯз Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳро Самиев Зоҳидҷон Қурбонович ба уҳда дорад.