КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

649

Бо мақсади дуруст дарк намудани донишҳои динӣ ва фарҳангҳои мухталиф аз қабили рафтор, одат, ақида, дин ва омӯзиши дурусти он дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ курси такмили ихтисоси “Диншиносии илмӣ” гузаронида шуд. Дар оғози соли хониш маросими супоридани дипломҳо ба шунавандагони он доир гардид.

Дар курси мазкур омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ: Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ инби Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки қаблан курсҳои такмили ихтисоси зерин барои муассисаҳои таҳсилоти олии воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара ва Хуҷанд низ баргузор гардида буд.