КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ ХИМИЯ

259

Дар робита ба амалишавии Нақшаи чорабиниҳо марбут ба амалишавии эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва мусоидати ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қ.Хушвахтзода ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин самт давра ба давра курсҳои такмили ихтисос ташкил ва баргузор шуда истодааст. Курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи химия, ки аз 30.10.2023 то 02.12.2023 баргузор шуда буд, ба итмом расид. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва филиали ДДМ ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Донишкадаи тиббии иҷтимоӣ фаъолона ширкат намуда, соҳиби гувоҳиномаҳо гардиданд.