КУРСИ “УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ”

1536

Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди донишгоҳ дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ миёни омӯзгорони ҷавон аз санаи 11-ум то 27-уми январи соли 2021 курси кӯтоҳмуддати “Усулҳои фаъоли таълим” дар ҳаҷми 90 соати академӣ гузаронида шуд.

Дар курси мазкур омӯзгорони ҷавоне, ки дар соли таҳсили 2020 – 2021 ба кор қабул шудаанд, иштирок намуданд. Мақсад аз ташкил намудани чунин курсҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. Дар курсҳои мазкур устодони соҳибтаҷриба, ба монанди Юнусова Н. – д.и.ф, профессор, Мирзоева М. – д.и.ф, профессор, Шоимардонов С. – н.и.и., дотсент, Сафарализода Х. – н.и.с., дотсент, Наимов З. – н.и.п., дотсент, Давлатов М. ва Ёраҳмадов А. – муаллимони калони кафедраи психология ҷалб шуданд.

Санаи 28-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А., директори Донишкадаи мазкур Ғаффорзода И.Ғ., сардори раёсати таълим Азиззода У.А. ва мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот Шарифзода С.Ш. ба омӯзгорони ҷавон дипломҳо супорида шуд.