Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд. Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ рӯйдоди “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст. Занону бонувони факултети филологияи тоҷики ДМТ низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар рӯйдоди “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд.
Домой Ахбор