ОЛИМПИАДАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ

1600

Имрӯз (16.12.2020) дар Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ ба хонандагони болаёқате, ки дар олимпиадаи фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дар шаҳри Душанбе) сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, ифтихорномаҳо супорида шуд.

Тавре директории Литсей н.и.ф., дотсент Ш.Ғаффуров зикр намуд, дар даври аввали олипиадаи фаннӣ, ки аз 13 фанни таълимӣ гузаронида шуд, 304 нафар довталабони олимпиадаи фаннӣ аз Литсей иштирок намуданд, ки аз онҳо 126 нафар ҳуқуқи ба даври 2-юм иштирок карданро пайдо намуданд. Дар даври дуюми олимпиада бошад 43 нафар толибилмони литсейи ҷойҳои 1-3-ро ишғол намуда, ба даври 3-юм роҳхат гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар даври навбатӣ хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, забон ва адабиёти рус, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, физика, биология, география, технологияи информатсионӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.