Лоиҳаҳо

Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ

Маълумотнома оид ба рафти амалигардонии Лоиҳаҳои “Рушди таҳсилоти олӣ”

Лоиҳаи Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон номгузорӣ шуда, маблағи он 2 464 985,00 (ду миллиону чорсаду шасту чор ҳазору нуҳсаду ҳаштоду панҷ) сомонӣ ташкил медиҳад, ки аз ин 77591 (ҳафтоду ҳафт ҳазору панҷсаду навадуяк) сомониашро маблағгузории донишгоҳ ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳаро беҳтаргардонии раванди таълим ва беҳтаргардонии ба кор таъминшавии хатмкунандагон ба воситаи ҳамкории донишгоҳ бо корфармоён ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори шуд. Таърихи 25.09.2019 Вазорати маориф ва илм ҳамчун ҳамоҳангсози асосӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Созишномаи гранти таҳти №20/1-2 ба имзо расонид. Мутобиқан Лоиҳаи мазкур расман аз 1.10.2019 оғоз гардида амалӣ он 24 моҳро дар бар мегирад.

Аз оғози корӣ лоиҳавӣ то ҳол аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа корҳои зерин ба анҷом ранида шуданд:

  1. Бо фармони Ректори донишгоҳ гуруҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шуд, ки ҳоло фаъолияти лоиҳавиро пеш бурда истодаанд;
  2. Макони ҷойгиршавии Маркази инноватсионӣ ва Маркази касбият интихоб гардиданд. Вобаста ба ин Санадҳои ноқис (дефектный акт) аз ҷониби Шуъбаи сохтмони асосӣ тартиб дода шуданд;
  3. Дар бораи интихоби роҳбарони Марказҳо ба воситаи сомонаи донишгоҳ озмун эълон карда шуданд;
  4. Ҳуҷҷатҳои молиявӣ ҷиҳати қабули транши аввали маблағгузорӣ омода ва пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла Нақшаи харид, Реҷаи азхудкунии воситаҳои молиявӣ ва Нақшаи татбиқи лоиҳа омода ва тасдиқ карда шуданд. Мукотиба бо Вазорати молия барои кушодани Суратҳисоби алоҳида дар бонкҳои хусусӣ барои танзими ҷараёни молиявии Лоиҳаҳо амали шуда истодаанд;
  5. Супоришҳои техники вобаста ба ҷалби мутахассисон ва мушовирон ба ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳо аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа коркард шудаистдаанд;
  6. Ҳуҷҷатҳои молиявӣ, супоришҳои техникӣ ва тавсифҳои техникӣ барои омода ва баргузор намудани тендерҳо ва харидҳои озод аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа ва шуъбаи хариди мол, кор ва хизматрасониҳо омода шудаистодаанд.

Презентация аз руи Равзанаи 1 — ДМТ

Рӯнамоӣ ба забони русӣ

Лоиҳаи Муҳити бароҳати таълимӣ – калиди бомуваффақияти таҳсилот номгузорӣ шуда, маблағи он 373 306,00 (сесаду ҳафтодусе ҳазору сесаду шаш) сомонӣ ташкил медиҳад, ки аз ин 10873 (даҳ ҳазору ҳашсаду ҳафтодусе) сомониашро маблағгузории донишгоҳ ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳаро фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию зиндагӣ барои донишҷӯдухтарони дар хобгоҳи №7 донишгоҳ истиқомадошта, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо бо роҳи беҳтар намудани шароити иқомати духтарон дар хобгоҳ, дастгирии духтарон дар самти худинкишофёбӣ ва ташаккули малакаҳо барои васеъ кардани имкониятҳои ба кор таъминшавӣ ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори шуд. Таърихи 25.09.2019 Вазорати маориф ва илм ҳамчун ҳамоҳангсози асосӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Созишномаи гранти таҳти №11/2-2 ба имзо расонид. Мутобиқан Лоиҳаи мазкур расман аз 1.10.2019 оғоз гардида амалӣ он 10 моҳро дар бар мегирад.

Аз оғози корӣ лоиҳавӣ то ҳол аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа корҳои зерин ба анҷом ранида шуданд:

  1. Бо фармони Ректори донишгоҳ гуруҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шуд, ки ҳоло фаъолияти лоиҳавиро пеш бурда истодаанд;
  2. Корҳои омодагӣ ҷиҳати таъмири хурди ошёнаи якуми хобгоҳи №7 рафта истодаанд, ки вобаста ба ин Санади ноқис (дефектный акт) аз ҷониби Шуъбаи сохтмони асосӣ тартиб дода шуданд;
  3. Ҳуҷҷатҳои молиявӣ ҷиҳати қабули транши аввали маблағгузорӣ омода ва пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла Нақшаи харид, Реҷаи азхудкунии воситаҳои молиявӣ ва Нақшаи татбиқи лоиҳа омода ва тасдиқ карда шуданд. Мукотиба бо Вазорати молия барои кушодани Суратҳисоби алоҳида дар бонкҳои хусусӣ барои танзими ҷараёни молиявии Лоиҳаҳо амали шуда истодаанд;
  4. Супоришҳои техники вобаста ба ҷалби мутахассисон ва мушовирон ба ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳо аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа коркард шудаистдаанд;
  5. Ҳуҷҷатҳои молиявӣ, супоришҳои техникӣ ва тавсифҳои техникӣ барои омода ва баргузор намудани тендерҳо ва харидҳои озод аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа ва шуъбаи хариди мол, кор ва хизматрасониҳо омода шудаистодаанд.

Рӯнамоӣ ба забони русӣ

Презентация аз руи Равзанаи 2

Муҳити бароҳати таълим – калиди бомувафақияти таҳсилот

Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ кардани имкониятҳои (ба кор таъминкунии) хатмкунандагон

Программа Erasmus+

Erasmus+ барномаи ҳамкори дар самти таҳсилот, таълимоти касбӣ, рушди варзиш ва ҷавони барои солҳои 2014-2020 мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузори мешавад.

Барномаи мазкур барои муҳасилине, ки маълумоти олии касбӣ мегиранд, номзад ба дараҷаҳои илмӣ мебошанд ва кормандони пажуҳишгоҳу донишгоҳҳо имкониятҳои васеъ медиҳад. Яке аз чунин имкониятҳо ин иштирок тибқи барномаҳои табодули донишҷуён, ҳайати омузгорон ва кормандон ба ҳисоб меравад. Айни ҳол бошад Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чорчубаи Erasmus+ бо Донишгоҳи Марбург (Олмон) созишномаи дар бораи табодул дорад.

Интихоб донишҷуён барои таҳсил дар донишгоҳи номбурда ба муддати 1 семестр ба нақша гирифта шуда, дар асоси озмун баргузор карда мешавад. Озмун дар як сол ду маротиба баргузор мегардад. Барои семестри тирамоҳӣ озмун моҳҳои май-июн баргузор мегардад. Барои семестри баҳори бошад озмун дар моҳҳои октябр-ноябр баргузор мегардад. Озмун дар сайти ДМТ эълон карда мешавад. Тамоми шахсоне, ки мақсади иштирок дар озмунро доранд, пас аз эълон метавонанд ҳуҷҷатҳои дар зер номбаршударо омода карда ба бахши тањия ва татбиќи барномањои сармоягузорї ва дарёфти грантњо пешниҳод намоянд.

  • Ариза ба номи ректори ДМТ;
  • Тарҷимаи ҳол (дар шакли CV Europass);
  • Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
  • Асосноккунии таҳсил;
  • Шаҳодатнома дар бораи дараҷаи забондонӣ (дараҷаи В2, С1 мутобиқ ба дараҷаи байналмилалӣ)
  • Транскрипт/Ҷадвали баҳо
  • Тавсиянома (факултет)
  • Гувоҳнома аз ҷои таълим (факултет)

Лоиҳаи EXTEND

Ҳадафи асосии лоиҳа: баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим,  омода кардани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ дар Федератсияи Россия ва Тоҷикистон тавассути барномаҳои докторӣ (PhD), рушди системаи устувори бозомӯзии муаллимон ва дастгирии машваратӣ аз шабакаи марказҳои таълими давомдори таҳсилоти муҳандисӣ мебошад.

Аъзоёни лоиҳа 

  •  Донишгоҳи Политехникии Бухарест (Руминия) – ҳамоҳангсози лоиҳа
  •  Донишгоҳи Астон (Бритониёи Кабир)
  •  Донишгоҳи давлатии Мордовия (Федератсияи Россия)
  •  Донишгоҳи давлатии техникии Магнитогорск (Федератсияи Россия)
  •  Донишгоҳи давлатии муҳандиси шаҳрвандии Москва (Федератсияи Россия)
  •  Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н.Э. Бауман (Федератсияи Россия)
  •  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (Тоҷикистон)Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (Тоҷикистон)
  •  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон)
  •  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (Тоҷикистон)
  •  Донишгоҳи техникии Рига (Латвия)
  •  Донишгоҳи Минхо (Португалия) 

Мақсад:

Таҳияи модели ҳамаҷониба ва тавсифи салоҳияти муаллими муҳандисии донишгоҳ.Таъсиси шабакаи марказҳои пешрафта дар соҳаи маълумоти муҳандисӣ (EXTEND), ки курсҳои омӯзишӣ, пажӯҳишҳо ва машваратҳоро оид ба таълими фанҳои муҳандисӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои шарик пешниҳод мекунад.Ташкил кардани шабакаи марказҳои пешқадам дар соҳаи муҳандисӣ.Таҳияи стандартҳо, барномаҳои таълимӣ ва технологияҳои таълимӣ.Омода намудани мутахассисони хуби соҳаи муҳандисӣ ва ғ. Лоиҳа аз моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфт ва тибқи нақша то моҳи октябри соли 2020 идома дорад.

Лоиҳаи TACES 

Лоиҳаи “TACES” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад. Лоиҳа дар донишгоҳҳои Олмон, Чехия ва Эстония фаъолият дорад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур чанд нафар омӯзгорон аз донишгоҳҳои шарик, аз Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Данғара ба Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон) сафар намуданд. Онҳо дар ҳамоишҳои илмӣ-таълимӣ иштирок намуда, бо усулҳои нави таълим ва тадқиқот шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки 23 июни соли 2018 аввалин хатмкунандагони барномаи таҳқиқоти аврупоӣ, ки барномаҳои таълимии онҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ сохта шудаанд, рисолаҳои магистрии худро бомуваффақият ҳимоя карданд.

Дар доираи ҳамкориҳо аз  25 то 30 июни соли 2019 профессори олмонӣ Герри Гуллен дар доираи лоиҳаи “TACES” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои муаллимони забони англисӣ семинарҳо баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои назариявӣ ва амалии тайёр кардани муаллимон, усулу равишҳои нави рушди малакаю муошират, равишҳои муосири забон баррасӣ шуданд.

Коркард ва ҷори намудани курси фикрронии интиқодӣ дар заминаи фанни таълимии ҳуқуқи ҷиноятӣ (қисми умумӣ)

Такмилдиҳии маҷмуи малакаҳои таҳлилӣ – тадқиқотии хатмкунандагонӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ

Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия ва факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи озмуни кушод, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон доир шуд, дар самти бешбурди корҳои илмию таълимӣ грантеро ба даст оварданд.

8 декабри соли 2020 шартнома ҷиҳанти маблағгузории грант аз ҷониби тарафҳо ба имзо расид. Муддати ин лоиҳаҳо барои 10 моҳ муайян карда шуд. Бояд гуфт, ки дар асоси нақша лоиҳаи аввал “Баланд бардоштани малакаи таҳқиқоти хатмкунандагони таҳсилоти олӣ” ва лоиҳаи дуюм “Таҳия ва татбиқи курсҳои махсус дар самти ҳуқуқи ҷиноятӣ” мебошад.

Гурӯҳи кории лоиҳа барои амалишавии нақшаҳои пешбинишуда вохӯрӣ анҷом доданд.

COMPASS

Дарёфти гранту маблағгузориҳои беруна барои пешбурди фаъолияти донишгоҳ яке аз вазифаҳои тамоми воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамоҳангсозии он ба дӯши шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ гузошта шудааст.

Лоиҳаи COMPASS аз ҷумлаи лоиҳаҳоест, ки дар донишгоҳ фаъолият дорад ва дар ин самт дастовардҳо назаррас мебошад. Лоиҳаи COMPASS «Фарогирии иқтидор – Бунёд дар ҳусни ҳамҷавории Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ: ҳамгироии илмӣ, идоракунии таъсирбахш ва ҷомеаи устувор» мебошад Он дар якҷоягӣ бо Донишгоҳҳои Кембриҷ, Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи давлатии Самарқанд амал менамояд.