МАҶЛИСИ ГУСЕЛУ ИСТИҚБОЛ

245

Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа собиқ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт гуселу ректори нави донишгоҳ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин истиқболу муаррифӣгардид.

Дар ҷаласа муовини сарвазири ҷумҳурӣ Сатториён Матлубахон Амонзода ва Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим Ҳамро иштирок карда, оид ба фаъолияти ректори тозатаъин сухан гуфтанд.

Сипас мавсуф аз хизматҳои шоиста, истеъдоди сарварӣ, кордонӣ ва ободкориҳои Хушвахтзода Қ.Х. ёдовар шуда, ба ректори тозатаин Насриддинзода Э.С. барору комёбӣтаманно намуд.

Баъдан ректори донишгоҳ Насриддинзода Э.С. бо сипосгузорӣаз боварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат иброз дошт, ки барои рушди минбаъдаи донишгоҳ ҳама неруву ҳиммат ва донишу ғайраташро дареғ наҳоҳад дошт.