Бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 22-уми январ ҷашн гирифта мешавад, имрӯз (20.01.2026) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Такмили фаъолияти фискалии мақомоти гумрук дар шароити иқтисоди рақамӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва унвонҷӯён иштирок намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти гумрук табрик гуфт. Зикр намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ташаккул ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи гумрук, шароити мусоид фароҳам овард. Ҳарчанд фаъолияти мақомоти гумрук дар асоси сохтор ва таҷрибаи даврони шуравӣ оғоз гардида бошад ҳам, дар солҳои соҳибистиқлолӣ он марҳила ба марҳила такмил ёфта, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Зимнан иброз гардид, ки дар даврони Истиқлол шабакаи ягонаи байналмилалии гумрукӣ ба фаъолият оғоз намуда, сиёсати устувори сарҳадоти гумрукӣ ташаккул ёфт, воситаҳои муосири техникии назорати гумрукӣ ҷорӣ гардиданд ва низоми назорати гумрукӣ мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқию иқтисодии байналмилалӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, мақомоти гумрук имрӯз ба яке аз ниҳодҳои калидии таъмини амнияти иқтисодӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ табдил ёфтаанд.
Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ба талаботи муосири бозори гумрукӣ ҷавобгӯ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар пешрафти соҳа мутахассисон нақши калидиро иҷро менамояд. Дар ин самт роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ пайваста тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ менамояд, то ин ки мутахассисони соҳибкасб ба воя расанд.
Дар ҷараёни конференсия таъкид гардид, ки соҳаи гумрук яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки вазифаҳои сиёсати гумрукии имрӯзаи ҳар як давлат дар дарёфт намудани роҳҳои бомуваффақияти инкишофи иқтисодӣ мебошад. Мақсад аз сиёсати иқтисодиро пеша намудани кишвар низ маҳз беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққӣ додани иқтисодиёти кишвар ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад.











