Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муҳтарам намояндагони иззатманди васоити ахбори оммаи кишвар, меҳмонони гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром аз номи раёсат, ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳамкории судмандатон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон арзи сипоси бепоён самимона баён мегардад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва хоҷагию молиявӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2025 хотирмон маҳсуб мешавад, зеро дар ин давра Донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, илм, тарбия, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ноил гардид.
Бо заҳмату талошҳои ҳайати омӯзгорону кормандон ва муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон самтҳои гуногуни муассиса ба як қатор дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои хотирмон ноил шуд.
- Муҳимтарин рӯйдоди таърихиву фаромӯшнашаванда барои ҳайати омӯзгорону кормандон ва муҳассилини Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки санаи 20-уми июни соли 2025 сурат гирифт ва зимни он Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Шаҳраки донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд. Ифтитоҳи ин маркази наву замонавӣ самари воқеии сиёсати маорифпарварона ва иҷтимоии Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии соҳаҳои калидии кишвар – тандурустӣ ва маориф мебошад. Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълим низ як марҳалаи нави рушд ва имкониятҳои илмиву амалӣ барои Донишгоҳ ба шумор меравад. Бо истифода аз имкониятҳои ин марказ факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, стоматология, химия ва биология метавонанд машғулиятҳои амалӣ ва омӯзиширо дар шароити воқеии касбӣ гузаронанд.
- Боиси хушнудист, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми ноябри соли 2025, №634 Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Оинномаи нави Донишгоҳ ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории амалкунандаи мамлакат ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм қабул гардида, мувофиқ ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
- Дастоварди дигари Донишгоҳ ба рушду инкишофи имкониятҳои илмию таълимӣ, ҷавобгӯ сохтани низоми таҳсил ба талаботи муосир ва бозори меҳнати ҷаҳонӣ вобаста мебошад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи ҳафтуми ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи кушодани ихтисосҳои нав мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, аз ҷумла, моделиронии математикӣ, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технология, таърих (ихтисоси нав), забони хориҷӣ (бо нишон додани забони таҳсил), иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, геология (сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва нақбҳо), хадамоти гумрукӣ, сиёсат ва робита бо ҷомеа, таъмини ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия иҷозат дода шуд, ки дорои хусусияти замонавӣ, рақобатпазир ва дорои зарфияти баланд дар бозори меҳнат мебошанд.
- Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети тиббӣ факултети стоматология кушода шуд. Ифтитоҳи ин факултет барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи стоматология ва қонеъ гардонидани ниёзҳои аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат менамояд.
- Вобаста ба таъсиси факултети нав дар заминаи кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва кафедраи стоматология ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй 2 кафедраи нав: кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй таъсис дода шуданд, ки миқдори умумии кафедраҳо дар Донишгоҳ ба 128-то расид.
- Бо мақсади иҷрои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамисозии идоракунӣ, такмили низоми коргузорӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маъмурӣ, таъмини шаффофият ва мутобиқсозии равандҳои ҳуҷҷатгузорӣ ба талаботи замони муосир, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо ташкил ва мавриди амал қарор дода шуд. Табиист, ки гузариш ба ин низом хизматрасонии баланди техникиро талаб менамояд. Раёсати Донишгоҳ бо мақсади татбиқи самараноки низоми мазкур, инчунин, ҷиҳати таъмини раванди таълим бо техника ва технологияҳои иттилоотӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва воҳидҳои сохтории Донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ андешид. Айни замон дар Донишгоҳ 2369 адад компютер, 695 адад принтери бисёрфунксионалӣ, 170 адад тахтаи электронӣ ва 340 адад видеопроектор мавриди истифода қарор доранд. Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ 25 компютери фардӣ ва 50 принтер харидорӣ гардидаанд, ки ҷиҳати пешбурди корҳои илмию таълимӣ ва назоратию техникӣ истифода мешаванд.
- Донишгоҳи миллӣ тайи солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои таҳсилоти байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати шомил гардидан ба раддабандии байналмилалӣ, чораҳои зарурӣ андешидааст. Ҳамин аст, ки дар соли ҳисоботӣ Созмони байналмилалии раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳон «QS-Куикаррели Саймондс»натиҷаҳои нави раддабандии беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё барои соли 2026-ро эълон намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин рӯйхати бонуфуз ворид шудааст. Дар раддабандӣ Донишгоҳ 23,2 хол ба даст оварда, дар қатори 45 фоизи беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё ҷой гирифт. Ин нишондиҳанда, дар муқоиса бо натиҷаҳои солҳои 2022-2025, бехтарин дастоварди Донишгоҳи миллӣ дар раддабандии «QS-Куикаррели Саймондс» ба шумор меравад. Дар раддабандии нави «QS-Куикаррели Саймондс» 1529 донишгоҳи бонуфузи Осиё шомил гардидаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 542 Донишгоҳ бештар аст. Ҳамазамон, Донишгоҳ дар қатори беҳтарин донишгоҳҳои дунё дар раддабандии «UI Green Metric-Донишгоҳи Индонезия Меъёрбандии Сабз», ки бар асоси меъёрҳои ҳадафҳои рушди устувор таҳия мешавад, қарор гирифт. Донишгоҳ миёни 1747 донишгоҳи дунё аз 105 кишвар, бо гирифтани 4820 хол мақоми намоёнро ишғол кард. Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аллакай ба сеюмин раддабандии донишгоҳҳои дунё ворид шудааст: раддабандии «UI Green Metric», «QS» ва «Times Higher Education-Таҳсилоти олии Сабз». Донишгоҳ дар ҳар се раддабандӣ мақоми вижа касб кардааст.
- Дар ин давра, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намуд. Соли ҳисоботӣ Донишгоҳ бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) ҳамкорӣ намуда, 11 ихтисоси Донишгоҳ: баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, тадқиқоти геологӣ, иктишофи геологӣ ва иктишофи конҳои фоиданок, информатика, забонҳои муосири хориҷӣ (англисӣ), филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, стоматология (дараҷаи бакалавр), яъне аз рӯйи панҷ кластерро аз санҷиши комиссияи байналмилалӣ гузаронид. Дар натиҷа 11 ихтисоси аз санҷиши Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ ба муҳлати 5 сол гардиданд.
- Рӯйдоди муҳимми дигар дар давраи ҳисоботӣ ташрифи ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов доктори илмҳои техникӣ, профессор Халмуродов Рустам Иброгимович ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Санаи 20-уми майи соли 2025 дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шурои олимони Донишгоҳ профессор Халмуродов Рустам Иброгимович бо унвони «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
- Таъмини шароити мусоиди зиндагии кормандони соҳаи илму маорифи кишвар ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии онҳо зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола андозаи музди меҳнати онҳо баланд бардошта мешавад. Ин аст, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 20% баланд гардид. Дар ин замина бо мақсади беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2025 музди маоши устодону кормандон бо ташаббуси раёсат дар ҳаҷми 15% аз ҳисоби маблағҳои махсус зиёд карда шуд. Илова бар ин, дар идомаи ташаббусҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ (16.12.2025) супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Дар пайравӣ аз ин иқдом раёсати Донишгоҳи миллӣ тасмим гирифт, ки дар асоси қарори Шурои олимони Донишгоҳ музди меҳнати амалкунандаи омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳро аз 1-уми сентябри соли 2026 ба андозаи 10 фоизи дигар зиёд намояд.
- Рӯйдоди дигар ин 27-уми ноябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавӣ, опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардидани ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати таҷлили 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Дар зимн ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбӣ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «ҲХДТ – меъмори давлатдории навини тоҷикон» муайян шуд. Дар доираи ин озмун Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и ҲХДТ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиби озмуни «Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол» дониста шуда, сазовори ҷойи якум гардид. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти Донишгоҳ бо медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
- Дастоварди дигари Донишгоҳ дар соли 2025 сазовори ҷойи аввал гардидани дастаи олимпии Донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад. Соли ҳисоботӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканд доир гардид. Дар он зиёда аз 500 нафар донишҷӯ аз 35 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд. Боиси ифтихор аст, ки дастаи олимпии донишҷӯёни Донишгоҳ бо ишғоли 9 ҷой (5 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм) байни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуда, соҳиби диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
- Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таъсис ёфтааст. Боиси ифтихори ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ аст, ки дар ин озмунҳо Донишгоҳ пайваста пешсаф мебошад. Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар даври хотимавии озмунҳоии ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм–фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ Исмоилова Шоира – донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ сазовори ҷойи дуюм ва дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
- Иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ низ ба мушоҳида мерасад. Санаи 15-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии даъвати 24-уми озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муродова Лайло – донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси забони хитоӣ-тоҷикии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо сазовори ҷойи аввал гардад.
- Ҳамчунин, аз 12-ум то 15-уми майи соли 2025 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон бахшида ба 30-солагии нейтралитети Ҷумҳурии Туркманистон ду чорабинии муҳимми сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Чорабинии аввал – Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Туркманистон: ҳамкорӣ ба хотири сулҳ, амният ва рушди устувор» ва дуюм – Форуми дуюми байналмилалии донишҷӯён бо унвони «Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳ» буд. Рӯзи 12-уми май дар доираи ин чорабиниҳо олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 13 кишвар ва 39 Донишгоҳ иштирок доштанд. Аз рӯйи натиҷаҳои олимпиада донишҷӯйи Донишгоҳ -Сафарзода Сино сазовори ҷойи аввал гардид.
- Аз 21-ум то 25-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия XV Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё баргузор гардид. Дар доираи баргузории Форуми мазкур озмунҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар онҳо дастаи олимпии Донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд. Аъзои дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат варзида, сазовори 5 медали тилло, 5 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, дастаи олимпии Донишгоҳ дар номинатсияҳои «Беҳтарин баромад дар ИДМ», «Беҳтарин эссе», «Беҳтарин кори илмӣ-тадқиқотӣ» ва «Беҳтарин ғоя (идея)-и илмӣ» ғолибиятро ба даст оварданд.
- Ҳамзамон, аз 20 то 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалии астрономия – 2025 (Open World Astronomy Olympiad (OWAO)-2025) баргузор шуд. Дар он Ҳусейни Ғуломзода – донишҷӯйи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
- Дар давраи ҳисоботӣ як нафар хатмкардаи Литсейи равияи табиию риёзии назди Донишгоҳ сазовори аттестати аъло, медали тилло аз рӯйи равияи табиию риёзӣ ва 6 нафар хатмкунандагони синфи 9 сазовори аттестати сурх шуданд.
- Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳти унвони «Ҳар он кас ки Шоҳномахонӣ кунад…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он донишҷӯйи факултети филологияи Донишгоҳ Назирова Паринамоҳ ғолиби Шоҳҷоизаи озмун шуд.
- Дастоварди муҳимми дигар дар давраи ҳисоботӣ ифтитоҳ гардидани Маркази ҷопоншиносӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ифтитоҳи Маркази ҷопоншиносӣ ба рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, таҳкими муколамаи доимӣ ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон дар доираи шарикии дарозмуддат мусоидат хоҳад кард. Айни замон дар марказ 25 шунаванда (донишҷӯйи Донишгоҳ) забони ҷопонӣ меомӯзанд.
- Яке аз рӯйдодҳои муҳимми дигар дар соли 2025 ифтитоҳ гардидани Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дониста мешавад. Маркази мазкур санаи 20-уми марти соли 2025 ҷиҳати татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар пояи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Маркази мазкур бо мақсади такмили заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ, амалӣ сохтани таҳлили қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми зарурат таҳия ва пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст.
- Дар даври ҳисоботӣ рӯйдоди муҳимми дигар ифтитоҳи Маркази омӯзишии забони кореягӣ дар Донишгоҳ маҳсуб мешавад. Ҳадаф аз ифтитоҳи ин марказ омӯхтани забони кореягӣ ба шумор меравад, ки мувофиқ ба самти ихтисосҳои факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мебошад.
- Дар доираи лоиҳаи «Бартарафкунии нигарониҳои экологӣ ниёзҳои иҷтимоӣ ва идоракунии хуб дар маориф ва шуғли Осиёи Марказӣ» дар пояи Донишгоҳ моҳи ноябрМаркази таҳлилии рушди устувор ва иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд. Айни замон омодагӣ ба ҷиҳозгардонидани Марказ амалӣ шуда истодааст.
- Дастоварди муҳимми дигар ба самти фаъолияти тиббии Донишгоҳ иртибот дорад. Санаи 22-юми феврали соли 2025 ифтитоҳи утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои нави таълимии кафедраи анатомияи одами факултети тиббии Донишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Синфхонаҳо баъд аз таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардонидан ба истифода дода шуданд. Дар он утоқҳои корӣ, 6 синфхона барои машғулиятҳои амалӣ, 1 озмоишгоҳи анатомӣ-ташреҳхона, 1 озмоишгоҳи анатомӣ, 1 толори лексионӣ, 4 тахтаи электорӣ, асбобҳои аёнӣ, муляжҳо, банерҳои тахассусӣ ҷойгир шудааст.
- Санаи 9-уми апрели соли 2025 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 37-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию мафрифатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2025, № АП-713 ба тасвиб расидааст, озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ созовори ҷойи дуюм шуд.
- Дастоварди дигар ба самти фаъолияти варзишии Донишгоҳ иртибот дошта, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Мусобиқаи лигаи футзали донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолона иштирок намуда, ғолиби ҷойи 3-юм гардид.
- Лозим ба ёдоварист, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала пайваста зимни мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор дода мешавад. Дар партави ин таъкидҳо, раёсати Донишгоҳ бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешид. Бо мақсади саривақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ва қадршиносии маҳсули заҳмати илмии олимон як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд. Дар ин самт, барои омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ, ки дар соли 2025 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат аз рӯйи самтҳои муҳимму нодир (илмҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия, экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия, пиряхшиносӣ ва инноватсия) ҳимоя менамоянд, мувофиқан 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ва 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ҳамчунин, дар асоси қарори мазкури Шурои олимон омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ, ки дар соли 2025 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат аз рӯйи самтҳои дигари илм ҳимоя менамоянд, мувофиқан 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ҷиҳати татбиқи ин иқдомҳо дар соли ҳисоботӣ раёсати Донишгоҳ 96 нафар устоду кормандони Донишгоҳ ва роҳбарони илмии онҳоро бо маблағҳо ҳавасманд гардонид (нафароне, ки рисолаҳои илмиашон тасдиқ шудааст: 4 нафар рисолаи доктор Ph.D, 30 нафар рисолаи номзадӣ, 14 нафар рисолаи докторӣ). Ин иқдом барои соли ҷорӣ, яъне соли 2026 бештар роҳандозӣ гардида, барои ҳимоякунандагони зинаи номзадӣ 35 ҳазор ва зинаи докторӣ 45 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд.
- Ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар Донишгоҳ, ки яке аз самтҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, раёсати Донишгоҳ шароити мусоидро ҷиҳати анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ ва пажӯҳиши масоили илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ фароҳам овардааст. Ин буд, ки олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз ҷумла занон) дар намоишномаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дастовардҳои илмии эшон сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, аз 16-ум то 19 феврали соли 2025 дар Давлати Кувайт 15-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна баргузор гардид. Дар миёни 197 иштирокчӣ аз 42 давлати ҷаҳон намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби 2 медали тилло (Самиҳзода Ш.Р., Аловудинзода Р.М.) ва 1 медали нуқра (Ёров М.Ё.) гардиданд.
- Инчунин, рӯзҳои 22-юм то 24-уми майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилалии ихтироотӣ таҳти унвони «Занон-ихтироъкорон, KIWIE – 2025» баргузор гардид, ки муовини директори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аловиддинзода Рухшона Аловиддин соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи байналмилалӣ ва ҷоизаи махсуси он – «Korea Institute of Patent Information» гардид.
- Илова бар ин, аз 6 то 8-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дурнамоҳои зеҳни сунъӣ дар стоматология» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Донишгоҳ, номзади илмҳои тиб, дотсент Шаҳноза Эгамова ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи Ассотсиатсияи ҷаҳонии стоматологҳо пазируфта шуд.
- Бо мақсади ҳамовозӣ аз ташаббуси созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ва эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол (25-уми май) дар Донишгоҳ дастаи футболи хурди «Сомон» таъсис дода шудааст, ки миёни дастаҳои касбии ҷумҳурӣ мақоми хоссаро соҳиб гаштааст.
- Дастовардҳои дигари Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ба ҷоизаҳои озмунҳои байналмилалӣ иртибот дорад. Дар моҳи январи соли ҳисоботӣ дар Ҷумҳурии Белорус сеюмин Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ»баргузор гардид ва дар он донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд. Назаров Аҳмадҷон Тоҳирович – донишҷӯйи курси дуюми факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни мазкур сазовори ҷойи аввал гардид.
- Дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳ ба роҳ монда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ ба хотири бузургдошти Мир Алишер Навоӣ – олим, шоир ва мутафаккири бузурги асри XV дар Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии Ҷумҳурии Узбекистон Симпозиуми IV байналмилалӣ таҳти унвони «Алишери Навоӣ ва эҳёи Шарқ» баргузор гардид. Дар ин чорабинии байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳаққиқи варзида, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудов намояндагӣ намуда, бо маъруза баромад намуд ва бо медали байналмилалии «Сарсупурдаи маънавиёт» қадрдонӣ гардид.
- Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷаноби Осиф Алии Зардорӣ ба дотсенти кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳ Ҳайдар Қурбонов мукофоти олии «Ситораи Қоиди Аъзам» тақдим шуд.
- Профессори факултети филология, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода М.С. дар озмуни Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, барандаи Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Ҳамчунин, омӯзгори кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳ, номзади илми химия, муаллими калон Зафаров Сорбон сазовори ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номи «Иттиҳоди нахустиқдомҳо» миёни муҳаққиқони ҷавон дар риштаи илмҳои табиатшиносӣ шуд.
- Донишҷӯёни Донишгоҳ моҳи июни соли 2025 дар 2-юмин олимпиадаи байналхалқӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон, ки дар он намояндагони 79 донишгоҳу донишкадаҳои 13 давлати ҷаҳон иштирок доштанд, ширкат варзида, сазовори 1 ҷойи якум ва 5 ҷойи сеюм гардиданд.
- Дастоварди дигари назарраси Донишгоҳ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик профессори факултети журналистика Мурод Муродӣ дар бахши илмҳои гуманитарӣ ба унвони «Олими сол» шарафёб шуд. Ҳамзамон, донишҷӯи курси 4-уми факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ Насриддинова Раъно дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол – 2025» соҳиби ҷойи дуюм гардид.
- Рӯйдоди муҳимми дигар дар давраи ҳисоботӣ сафарҳои кории роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, санаи 11-уми июн то 14-уми июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ ба ҷашни 700-солагии зодрӯзи ориф ва шоири бузурги форсу тоҷик – Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуд. Дар ҳамоиш ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла устодони варзидаи Донишгоҳ – профессорон Сироҷиддини Эмомалӣ, Бадриддин Мақсудов, Мирзо Солеҳов, Маҳмадова Меҳрӣ ва дотсент Ваҳҳобзода Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Ҳукумати кишвар маҳз заҳмату талоши раёсат, ҳайати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳро ба инобат гирифта, бахшида ба чорабиниҳои давлатӣ, аз ҷумла таҷлили Истиқлоли давлатӣ як қатор омӯзгорону кормандон барои хизматҳои бисёрсолаи пурсамар ва омода намудани мутахассисони баландихтисос бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, Мақсудзода Бадриддин – профессори факултети филология ва Комилзода Қосим – профессори факултети физика бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»; Акрамӣ Санавбарг, Давлатмандзода Эраҷ, Одиназода Сафаргул, Ҳошимзода Бахтиёр, Тоҳирзода Раҷабмоҳ, Хайруллозода Шамсулло, Ҳайдарова Сурайё, Шерматов Раҷаб, Юсуфӣ Шодипур бо медали «Хизмати шоиста»; Раҷабализода Акмал бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҷӯразода Хайрулло ва Шерзода Нурмаҳмад бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ; Мирализода Эмомалӣ, Икромӣ Фазлиддин ва Наимзода Носир бо Ҷоизаи «Исмоили Сомонӣ» барои олимони ҷавон сарфароз ва қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» – 9 нафар, бо нишони сарисинагии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 нафар, бо ифтихорнома ва сипосномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 93 нафар сарфароз гардонида шуданд.
- Ҳамчунин, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раёсати Донишгоҳ дар соли 2025 дар шаклҳои гуногун ба зиёда аз 1000 нафар ятимон, бепарасторон, маъюбон, мактаб-интернатҳо барои маъюбон, омӯзгорону кормандони барҷомондаю солхӯрда, кормандони қисми хоҷагию маъмурӣ кумакҳои моддию маънавӣ ва молиявӣ расонида шуданд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба таҷлили солгарди Иҷлосияи сарнавиштсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи модар ва Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ устодону кормандон бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
- Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати таъсис додани гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забонҳои хориҷӣ, ҳамзамон, дар партави амали гаштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ таҳия намуд ва ҷиҳати мутобиқ гардонидани раванди таълим ба стандартҳои сатҳи байналмилалӣ таъсиси гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои хориҷиродар соли таҳсили 2024-2025 роҳандозӣ кард. Дар заминаи факултети тиббии Донишгоҳ гурӯҳи англисӣ бо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ташкил гардид ва зиёда аз 120 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар баробари шаҳрвандони ватанӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии идоракунанда бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, ташкилӣ, молиявию хоҷагидорӣ мувофиқи Низомномаи Шурои олимон ва фармоиши ректори Донишгоҳ аз 19-уми сентябри соли 2023, №03 дар ҳайати 43 нафар таъсис дода шудааст. Аз 43 аъзои Шурои олимон 1 – нафар Узви вобастаи АМИТ, 7 нафар доктори илм ва 26 нафар номзади илм мебошанд. Дар соли тақвимӣ аз тарафи Шурои олимони Донишгоҳ аз рӯйи нақшаи кории Шуро 13 ҷаласаи нақшавӣ ва 1 ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар онҳо 186 масъала, аз ин шумора 84 масъалаи асосӣ ва 102 масъалаи ҷорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар соли 2025 ҳамагӣ 16826 адад ҳуҷҷати воридотӣ ва 3586 адад ҳуҷҷати содиротиро ба қайд гирифтааст. Аз ҷумла, амру қарор ва фармоишҳои аз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида 42 адад, амру қарор ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 адад, мактубҳои воридотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 210 адад, мактубҳои воридотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 552 адад, мактубҳои воридотӣ аз дигар ташкилоту корхонаҳо 2258 адад, мактубҳои воридотии аз кишварҳои ИДМ 258 ададро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дархосту пешниҳодҳои раёсати Донишгоҳ, садорати факултетҳо ва кафедраҳо 2601 адад, аризаҳои устодону кормандон 2374 ададро ташкил дод. Аризаи донишҷӯёну муҳассилин оид ба масоили мухталиф дар умум 5657 ададро ташкил медиҳанд.
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус. Яке аз самтҳои фаъолияти раёсати мазкур таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъйин ва озод намудани кормандон, пешбурду нигоҳдории парвандаи шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ, бақайдгирии варақаҳои корношоямии омӯзгорону кормандон, омода намудани лоиҳаҳои фармоишҳои кормандон, назорат, коркарди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, мунтазам назорати интизоми меҳнатии кормандон, рақамгузорӣ ва ба танзим даровардани фармоишҳое, ки ҳамарӯза аз ҷониби ректори Донишгоҳ ба тасвиб мерасанд, ташкил медиҳад.
Шуъбаи ҳуқуқ дар соли 2025 мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва дохилии Донишгоҳ амал намуда, самтҳои калидии он аз баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳияи шартнома ва фармоишҳо, ҳамоҳангсозии санадҳои дохилӣ ва иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ иборат мебошад. Шуъба дар ин давра нақши муҳим дар татбиқи стратегия, барнома ва консепсияҳои давлатии марбут ба ҳуқуқ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат ба экстремизм, коррупсия ва савдои одамон иҷро намуда, ҳамоишҳои илмӣ–назариявӣ ва вохӯриҳоро бо намояндагони мақомоти давлатӣ ба роҳ монд.
Тибқи Низомномаи шуъбаи ҳуқуқ яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъба ҳамоҳанг сохтани фаъолияти факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ дар амалисозии стратегия, барнома ва консепсияҳо, инчунин, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати амалисозии онҳо мебошад.
Бо ҳамоҳангии шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ тамоми воҳидҳои сохторӣ, хосатан факултетҳо ҷиҳати амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ чораҳои амалӣ андешида шуд. Тамоми садорати факултетҳо дар ин самт бо донишҷӯёну кормандон суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, ба ин васила дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии ҷавонон, оштинопазирӣ нисбат ба ҳуқуқвайрокунӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар радифи Осорхонаи Пешвои миллат бо мақсади омӯзиши таҷрибаи мактаби давладтории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст, фаъолияти худро дар доираи нақшаи солонаи тасдиқнамудаи ректори Донишгоҳ роҳандозӣ кард. Дар доираи нақшаи солонаи фаъолияти Марказ як қатор корҳо дар амал татбиқ карда шуд. Нақшаи фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат (дар соли 2025) дар маҷмуъ аз 18 банд иборат буд, ки тамоми самтҳои фаъолияти онро инъикос менамояд.
Яке аз самтҳои фаъолияти марказро баргузор намудани маҳфилу озмунҳо фаро мегирад. Дар асоси банди панҷуми нақша моҳи феврали соли 2025 даври аввали озмуни донишгоҳии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргзузор гардид. Даври аввали он дар сатҳи факултетҳо доир карда шуд. Дар натиҷа ба даври ниҳоӣ дар ду гурӯҳ 56 нафар роҳ ёфт. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур, ки санаи 12-уми декабри соли 2025 баргузор гардид, аз Донишгоҳ се нафар ба ҷойҳои якум, дувум ва сеюм мушарраф гардиданд.
Ҳамчунин, зикр кардан ба маврид аст, ки дар тули як соли фаъолият садҳо меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ва Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд.
Фаъолияти таълимию методӣ. Тибқи вазифаҳои муқарраршуда раёсати таълими Донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 дар радифи фаъолияти ҳаррӯзаи таълимию методӣ самти кории худро аз иҷрои вазифаҳои гуногун, монанди назорати раванди дарсҳо, ташкили ҷараёни таълим, ҳаракату сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, таҳияи асноди лозима ҷиҳати муташаккилонаю босифат гузарондани ҷараёни дарсҳо, санҷиши коргузории бахши таълимию методии факултаҳо, муназзам ҷараён гирифтани дарсҳо, дар сатҳи зарурӣ иҷро шудани талаботи нақшаҳои таълимӣ, беҳтар намудани самти ташкили корҳои таълимӣ ва назорати иҷрои сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ оғоз намуд.
Дар соли таҳсили 2024-2025 аз рӯйи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи 134 ихтисоси амалкунанда бомуваффақият оғоз ёфт. Инчунин, дар нимсолаи дуюм аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифта шуд.
Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона чун анъана аз рӯйи се зинаи таҳсилот – бакалавр, мутахассис ва магистратура бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тибқи нақшаҳои таълимӣ сурат гирифт.
Ҳайати кадрии илмӣ-омӯзгорӣ ва шумораи донишҷӯён. Айни замон дар 128 кафедраи Донишгоҳ (122 кафедраи тахассусӣ, 6 кафедраи умумидонишгоҳӣ ва кафедраи ҳарбӣ) 1379 нафар омӯзгор (12 нафар академики АМИТ ва 16 нафар узви вобастаи АМИТ), аз ҷумла, 226 нафар доктори илм, профессор, 685 нафар номзади илм, дотсент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Ҳамчунин, 375 нафар омӯзгор ба ҳайси омӯзгори ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 70 нафарро омӯзгори дорои дараҷа ва унвони илмӣ ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳ 911 нафар омӯзгори штатии дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият доранд, ки 68,42 фоизи омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳро ташкил медиҳанд. Ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад.
Аз ҳисоби умумии омӯзгорон 400 нафар (30,00%)-ро занон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 1 нафар узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 47 нафар доктори илм, профессор, 190 нафар номзади илм, дотсент, ассистентон мебошанд. Дар маҷмуъ, дар Донишгоҳ 237 нафари занон аз ҳисоби омӯзорони дорои дараҷа ва унвони илмидор мебошанд.
Шумораи донишҷӯён. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар Донишгоҳ 23658 нафар донишҷӯ (18505 нафар дар шуъбаи рӯзона, 4479 нафар дар шакли таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ) таҳсил доранд. Аз ин шумора 674 нафарро магистрантон ташкил медиҳанд. Аз теъдодии умумии донишҷӯёни Донишгоҳ 9464 нафарро духтарон (40%) ва 14297 нафарро писарон (60%) ташкил медиҳанд.
Донишгоҳ дорои 20 факултет (20 бинои таълимӣ) буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ ба донишҷӯён 18 315 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Масоҳати таълимӣ барои як донишҷӯ тибқи замимаи Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии Агентии назорат дар соҳаи илм ва маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 7,0 м2 -ро ташкил медиҳад.
Назарпурсӣ, мониторинг ва назорати сифати таҳсил. Кормандони Шуъбаи назорати сифати таҳсилот бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти касбии омӯзгорон, амалӣ намудани усулҳои нави фаъоли муосири таълим, истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ, воситаҳои аёнӣ ва ёрирасон, шаклҳои гуногуни презинтатсия (муаррифӣ)-и мавзуҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таҳсилотро дар Донишгоҳ пайваста назорат намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд.
Назорат ва риояи қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ тариқи камераҳои назоратӣ. Дар бинои асосӣ, биноҳои таълимӣ, бинои таълимии Литсейи равияи табиию риёзии назди Донишгоҳ, кафедраи ҳарбӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён, ошхонаи «Ориёно» ва даромадгоҳи Шаҳраки донишҷӯён 420 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
Теъдоди донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 18505 нафар, шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ 4779 нафар ва магистратура 674 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи таҳсилкунандагони Донишгоҳ 23658 нафар мебошад. Мувофиқи шумораи умумии компютерҳо, ки 2522 ададро ташкил медиҳад, таносуби миқдори компютерҳо ба миқдори донишҷӯён чунин аст: 23658:2522=9,4. ДарДонишгоҳ ба ҳар 9 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд.
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишҷӯёне, ки тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷуҳи раёсати Донишгоҳ ва садорати факултетҳо қарор доранд. Дар 14 факултети Донишгоҳ донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 254 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 111 нафар духтар ва 143 нафар писар мебошанд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 116 нафар дар хобгоҳ истиқомат мекунанд.
Сессияҳои санҷишию имтиҳонии соли таҳсили 2024-2025 (сессияи тобистона) мувофиқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ бо фармоиши ректор дар шуъбаи рӯзонаи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ муқаррар карда шуд. Вобаста ба иҷрои қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.2024, №82-09 қабули имтиҳонҳо дар сессияи имтиҳонии тобистона ва (07.05.2025, №89-09) зимистонаи соли 2025 бо таносуби 60% дар шакли шифоҳӣ ва 40% ба таври тестӣ ба роҳ монда шуд.
Баъд аз ҷамъбасти сессияи имтиҳони дараҷаи азхудкунӣ дар шакли шифоҳии қабули имтиҳонҳо ба 99,1% ва дар шакли тестии қабули имтиҳонҳо натиҷаи азхудкунӣ ба 98,05% баробар гардид. Сатҳи сифати таҳсил, яъне бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудани имтиҳонҳо дар шакли шифоҳии қабули имтиҳонҳо 39,2% ва дар шакли тестӣ 36,6%-ро ташкил намуд. Баъд аз ҷамъбасти сессияи имтиҳонии зимистона ва тобистона натиҷаи азхудкунӣ ба 99,1% ва 99,01% баробар гардид ва сифати таҳсил ба 37% ва 39% баробар шуд.
Барои донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, ахлоқи намунавӣ доранд, дар Донишгоҳ стипендияҳои номӣ муайян шудааст. Теъдоди стипендияҳои номӣ дар Донишгоҳ 55 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар Донишгоҳ стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки ба 20 нафар донишҷӯйи бо баҳои аъло таҳсилкунанда ва ахлоқи намунавидошта стипендияи мазкур дода шуд. Ба 37 нафар донишҷӯйи ятим ва маъюби гурӯҳи якум ва дуюм стипендияи иҷтимоӣ муқаррар шуда буд. Ҳамчунин, ба 35 нафар донишҷӯйи гурӯҳҳои буҷавии бо баҳои аъло таҳсилкунанда стипендияҳои номӣ дода мешавад.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз миқдории умумии донишҷӯён бо назардошти донишҷӯёни курси якум, дар маҷмуъ ба 2367 нафар донишҷӯ стипендия муқаррар карда шуд, ки аз ин миқдор ба 994 нафар (ё 41,99%) стипендияи аъло, ба 1103 нафар (ё 46,59%) стипендияи хубу аъло, ба 150 нафар (ё 6,33%)стипендияи миёнаи муқаррарӣ таъйин карда шуд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни буҷавии Донишгоҳ, ки 3982 нафарро дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 ташкил медиҳад, яъне 59,44% стипендия мегиранд.
Барои донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, ахлоқи намунавӣ доранд, дар Донишгоҳ стипендияҳои номӣ муайян шудааст. Теъдоди стипендияҳои Президентӣ ва номӣ дар Донишгоҳ 55 ададро ташкил медиҳад.
Таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият. Дар 20 факултети Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки донишҷӯён аз рӯйи 134 ихтисос таҳсил мекунанд, тибқи нақшаҳои таълимии амалкунандаи факултетҳо донишҷӯён аз рӯйи чор шакли таҷрибаомӯзӣ: таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ мувофиқ ба ихтисосашон дар назди кафедраҳои тахассусӣ, ташкилоту идораҳо, вазоратҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма, базаҳои таълимии Донишгоҳ ва дигар муассисаҳои мухталифи кишвар фиристода мешаванд.
Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ. Дар Литсей барои тамоми хонандагон аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар муассиса дар соли таҳсили 2024-2025 974 нафар хонандагон таҳсил менамояд (аз он ҷумла 360 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд). Ҳоло дар литсей 20 синфи ибтидоӣ (аз синфи 1-4) мавҷуд буда, дар онҳо 517 нафар хонандагон таҳсил намуда истодаанд, аз он ҷумла 207 нафараш духтар мебошанд.
Синфҳои болоӣ аз 20 синф иборат буда (аз синфи 5-11) ҳамагӣ 457 нафар хонанда таҳсил менамоянд, (аз ҷумла 153 нафар духтар) ва ба онҳо 20-нафар омӯзгори фаннӣ ҳамчун роҳбари синф таъйин шудаанд. Дар муассисаи мазкур 62 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 51 нафарашон омӯзгори асосӣ, 11 нафар омӯзгори ҳамкор мебошанд. Дар соли таҳсили 2024-2025, 14 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси шаҳри Душанбе маҳоратҳои педагогии худро сайқал доданд.
Хонандагони литсей дар як қатор озмуну олимпиадаҳои дохилиҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намудаанд, аз ҷумла Олимпиадаи забондонии «Spelling bee» (6 нафар хонандагони литсей сазовори ҷойҳои намоён гардиданд), Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика (3 нафар ғолиб дониста шуданд), мусобиқаи «Шоҳмот» дар даври ноҳиявӣ, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гашт (12-нафар хонандагон иштирок намуда, 1 нафарашон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт), Озмуни «Чароғи маърифат», ки дар миёни хонандагони синфҳои ибтидоии ноҳияи Фирдарвсии шаҳри Душанбе баргузор гардид (40 нафар хонандагони литсей иштирок намуда, 24 нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд) ва дар олимпиадаи байналмилалии «Глобус» 20 нафар хонадагони литсей иштирок карда, 15 нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2025 бо омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ курсҳои такмили ихтисосро ташкил ва баргузор намуд. Дар маҷмуъ, дар соли ҳисоботӣ Донишкада 23 курси такмили ихтисос баргузор кард, ки аз ин шумора 9 курси сайёр ва 14 курси дохила бо ҷалби 766 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҳамзамон, 30 корманди сохторҳои қудратиро низ аз курсҳои такмил ва бозомӯзии касбӣ гузаронид. Аз шумораи 766 нафар дар курсҳо ҷалб гардида, танҳо 276 нафари онҳо омӯзгорони Донишгоҳи милли Тоҷикистон буданд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ. Дар соли ҳисоботӣ ҳайати устодону кормандон роҷеъ ба 43 самт, 100 масоил ва 123 мавзуъ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ монданд, ки ба чор бахши илм тақсим карда шудааст. Соли ҷорӣ аз теъдоди умумии устодону кормандони Донишгоҳ 1352 нафар дар иҷрои пажӯҳишҳои илмӣ иштирок карданд.
Шумораи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии хориҷӣ имсол дар муқоиса ба солҳои гузашта бештар гашта, ба 299 мақола мерасад, ки аз ин 58 номгӯи он дар маҷаллаҳои Scopus чоп шудаанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муаррифии Донишгоҳ дар раддабандиҳои байналмилалӣ чопи мақолаҳои омӯзгорону кормандони дар маҷаллаҳои бонуфузи бақайдгирифташуда дар пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science мебошад. «Индекси Хирш»-и Донишгоҳ соли 2025 ба 49 (соли 2024 47 буд) баробар гаштааст, ки ин аз эътирофу иқтибосоварии мақолаҳои омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳ дарак медиҳад.
Барои ҳарчи зиёдтар кардани шумораи мақолаҳои илмӣ дар журналҳои Scopus ва Web of Science тааллуқдошта раёсати Донишгоҳ дар баробари фароҳам овардани шароити лозима, инчунин, мукофотпулиро дар ҳаҷми 3000 сомонӣ барои ҳар як мақола муайян кардааст.
Дар пояи Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти 6 маҷаллаи илмии тақризшавандаи Комисссияи олии атестатсионии (КОА)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номҳои:
1) Паёми ДМТ. Бахши таърих, фалсафа, педагогика (14 ихтисос);
2) Паёми ДМТ. Бахши илмҳои табиӣ (физика, математика, химия) (18 ихтисос);
3) Паёми ДМТ. Бахши илмҳои филологӣ (адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, журналистика) (10 ихтисос);
4) Паёми ДМТ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ (иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ) (18 ихтисос);
5) Илм ва фановарӣ. Бахши илмҳои тиббӣ, фарматсия, биология (5 ихтисос);
6) Илм ва инноватсия. Бахши илмҳои геологӣ ва техникӣ (8 ихтисос) тибқи Низомномаи силсиламаҷаллаҳо” ба роҳ монда, дар давоми соли тақвимӣ на кам аз 4 шумора ба нашр мерасанд.
Аз ин 6 маҷалла 4 маҷалла: 1) Паёми ДМТ. Бахши таърих, фалсафа, педагогика; 2) Паёми ДМТ. Бахши илмҳои табиӣ (физика, математика, химия); 3) Паёми ДМТ. Бахши илмҳои филологӣ (адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, журналистика) ва 4) Паёми ДМТ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ (иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ) дар КОА-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудаанд.
Илова ба ин, маҷаллаҳо дар назди Марказ боз маҷаллаи «Муҳаққиқони ҷавон» фаъолият менамояд, ки дар он танҳо мақолаҳои магистрантон ба нашр мерасад. Соли ҷорӣ 6 шумораи ин маҷалла бо фарогирии 368 мақола омода шуд. Мавриди зикр аст, ки шакли электронии маҷаллаҳо ва фишурдаи онҳо дар elibrary.ru ва Шохиси илмии тақризшавандаи Россия (РИНЦ) ҷойгир карда шуданд.
Маркази иттилоотӣ–таҳлилии Донишгоҳи миллӣ дар соли 2025 фаъолияти самарабахши худро дар як қатор самтҳои муҳимми иттилоотию таҳлилӣ ба роҳ монда, дар баробари идоракунии сомонаи расмии Донишгоҳ (www.tnu.tj), ҳамчунин, фаъолияти нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш», сомонаҳои факултетҳо, гурӯҳи кории таҳлилию аналитикӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Донишгоҳро низ зери назорати доимӣ қарор додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 8 шумораи нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” ба табъ расид. Аз ин шумораҳо, яке пурра ранга омода гардида, бо мақсади ҷалби довталабон ва тарғиби фаъолияти Донишгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар паҳн гардид. Ба ин муносибат, инчунин маълумотномаи шиносоӣ (буклет) оид ба Донишгоҳ таҳия ва нашр карда шуд.
Корҳои ихтироъкорию навоварӣ самти дигари фаъолияти Донишгоҳ мебошад. Аз 11 шаҳодатнома ва нахустпатентҳое, ки дар соли 2025 ба нақша гирифта шуда буд, 3 патент ва 7 нахустпатент ба даст оварда шуд.
Дар соли сипаригардида 355 нафар аз рӯйи 38 ихтисос магистрантон Донишгоҳро хатм намуданд, аз ин шумора 155 нафар бо дипломи аъло сарфароз гардиданд, ки аз таълим ва сифати хуби таҳсилот дар зинаи магистратура шаҳодат медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026 дар курси якум 247 нафар аз рӯйи 31 ихтисос ва дар курси дуюм 331 нафар аз рӯйи 36 ихтисос магистрантон ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар Донишгоҳ 17 нафар докторанти анъанавӣ, 68 нафар унвонҷӯ-докторант, зиёда аз 267 нафар унвонҷӯ ва 202 нафар докторанти Ph.D-и солҳои якум, дуюм ва сеюм таҳсил доранд. Соли сипаришуда 52 нафар довталаб ба ҳайси унвонҷӯ (13 нафар шартномавӣ), 6 нафар ба ҳайси докторанти анъанавӣ, 50 нафар дар зинаи докторантураи Ph.D ва 25 нафар унвонҷӯ-докторант қабул гардиданд. Ҳамзамон, 3 нафар унвонҷӯ, 5 нафар докторантони анъанавӣ, 2 нафар унвонҷӯ-докторант ва 75 нафар докторантураи Ph.D-и Донишгоҳро хатм намуданд.
Сатҳи баланди потенсиали илмии Донишгоҳ имконият дод, ки дар пояи Донишгоҳ 16 Шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва 8 Шурои диссертатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия (ФР) таъсис дода шавад. Натиҷаи фаъолияти шуроҳои амалкунанда: ҳимояҳо дар шуроҳои диссертатсионии ватанӣ – рисолаи докторӣ 30 нафар, номзадӣ -107 нафар, доктор Ph.D – 34 нафар. Ҳимояҳо дар шуроҳои диссертатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия: рисолаҳои докторӣ – 4 нафар ва номзадӣ 16 нафар.
Ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ ба муҳокимаи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии устодону кормандони Донишгоҳ мусоидат менамояд. Соли 2025 дар Донишгоҳ 334 чорабинии илмии сатҳи гуногун, аз ҷумла 13 конференсияи байналмилалӣ, 54 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 12 мизи гирди ҷумҳуриявӣ, 53 конференсияи донишгоҳӣ, 143 семинар ва 41 мизи гирди донишгоҳӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Соли 2025 дар маҷмуъ устодону кормандони Донишгоҳ 4630 маъруза, аз ҷумла бо 1488 маъруза дар чорабиниҳои байналмилалӣ, 2026 маъруза дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва 1116 маъруза дар чорабиниҳои донишгоҳӣ баромад намуданд.
Самти дигари фаъолияти донишҷӯён ин иштироки онҳо дар озмун ва олимпиадаҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Санаи 06.03.2025 Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика дар Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар ин олимпиада донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси физика Шарипова Анаҳито тариқи маҷозӣ иштирок намуда, ҷойи сеюмро сазовор гардид.
Моҳи майи соли 2025 донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рӯйи самтҳои математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (3 ҷойи якум ва 1 ҷойи дуюм) гардиданд.
Раёсати инноватсия. Ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рақамикунонӣ ва ташаккули ихтироъкорӣ дар пояи Донишгоҳ раёсати инноватсия фаъолият менамояд, ки дар зимни он чандин шуъбаву марказ ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, Маркази инноватсияи назди ин Раёсат мутахассисонро дар самти сохтани «3D-объектҳо, чопи онҳо бо ёрии 3D-printer» ва барномасозӣ омода мекунад. Илова бар ин, марказ бо Телевизиони «Илм ва табиат» ҳамкорӣ карда, бо иштироки омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе барномаи Технологияи информатсионӣ» пахш мегарданд.
Фаъолияти Парки техонологӣ дар давраи ҳисоботӣ назаррас мебошад. Дар соли 2025 дар Парки технологӣ 8 самти истеҳсолӣ амал мекунад, ки ин шумора нисбат ба соли 2024 4 самт зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ бори нахуст, Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар озмун барои дарёфти ҷоизаи 3ZERO ширкат варзида, шомили панҷгонаи беҳтарин гардид.
Фаъолияти Маркази биотехнологии Донишгоҳ роҷеъ ба ду мавзуи илмӣ: «Омӯхтани хусусиятҳои бактерияҳои термофилии манбаҳои геотермалии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)» ва «Коркарди усулҳои самараноки биотехнологии афзунгардонидани микроклоналӣ ва тарзи ҳифзи дарозмуддати генофонди растаниҳои иқтисодан муҳим» ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби кормандони марказ дар давоми сол 30 мақола ва фишурдаи мақолаҳо ба нашр расонида шуд.
Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Институти илмию таҳқиқотӣ 1 китоби дарсӣ, 11 дастури методӣ, 2 дастури таълимӣ, 11 монография, 4 нахустпатент, 5 арзнома ба патент, 2 қарор дар бораи додани патент, 141 мақолаи тақризшавандаи КОА назди Президенти ҶТ ва ФР ва 8 мақолаи «Scopus» ба чоп расонидааст.
Фаъолияти тарбиявӣ. Соли 2025 қисми тарбияи Донишгоҳ дар масъалаи таҳия ва иҷрои Нақшаи тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва нақшаҳои дохилишуъбавӣ фаъолияти тарбиявии Донишгоҳро назаррас ба роҳ монда, ба дастовардҳои зиёди соҳавӣ ноил гардид. Дастовардҳои мазкурро метавон ба амалӣ намудани нақшаву барномаҳои соҳавӣ, мусоидат намудан дар ташкилу баргузории чорабиниҳои бузурги тантанавӣ, роҳпаймоиҳои ҷашнӣ, ибтикороти фарҳангӣ, варзишӣ, адабӣ, дарсҳои тарбиявӣ, хонишҳои сиёсиву дарсҳои ватандӯстӣ, сафарбарии омӯзгорону донишҷӯён ба барномаҳои телевизиониву радиоии кишвар ва дигар корҳои марбут ба соҳаи тарбия рабт дод.
Дар соли 2025 фаъолияти қисми тарбия аз ҷониби шуъбаи тарбия, шуъбаи кор бо ҷавонон, шурои сарпарастон (кураторон), бахши кор бо занон ва духтарон, шурои волидайни донишҷӯён, комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим, Ансамбли халқии Наврӯз, Осорхонаи Донишгоҳ, клуби варзишӣ ва бахшҳои тарбиявӣ дар факултетҳо ҷоннок карда шуд.
Дар соли 2025 намояндагони самти мазкур дар партави қонунҳои миллӣ, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои соҳавӣ ва бо такя ба нақшаву ҷадвалҳои дар Донишгоҳ амалкунанда дар раванди ташкил ва баргузор намудани 1142 чорабинии гуногунмуҳтавои сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳм гузоштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 194 чорабинӣ бештар доир шудааст.
Шуъбаи кор бо ҷавонон, клуби варзишӣ ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Шуъба дар ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногун, аз ҷумла Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо усули «факултет ба факултет» ва «курс ба курс» вохӯриҳои судманд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҷавонон ба ватандӯстӣ хештаншиносӣ, инчунин, пешгири намудани ҷавонон аз машғул шудан ба ҳаргуна корҳои ғайр доир карда шуд, ки дар ин раванд раисони созмонҳои ҷавонони факултетҳо низ саҳм гузоштанд. Бояд қайд кард, ки Волонтиёрони Шуъба зиёда аз 10 нафар дар курси омӯзиши Пайравони Пешвои миллат иштирок намуда сазовори Шаҳодатнома гардиданд. Рӯзи шанбеи ҳар ҳафта (дар 12 моҳи мавриди назар 40 маротиба) дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳ (Шаҳраки донишҷӯён), саҳни хобгоҳи №6 ва толори варзишии Литсейи равияи таббиию риёзии Донишгоҳ машқҳои пагоҳирӯзӣ роҳандозӣ гардиданд, ки бо раҳнамоии устодони варзиши кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин муддат беш аз 1000 нафар аз устодону кормандон, донишҷӯёни факултетҳо, воҳидҳои сохторӣ ва хонандагони литсей ба ин марҳалаи анъанавии обу тоби бадан ҷалб шуданд. Дар соли 2025 варзишгарони Донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки дар умум 177 медал ба даст оварданд.
Фаъолияти равобити байналмилалии Донишгоҳ дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, пайваста дар ҳоли рушду такмил қарор дорад. Роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамти илмиву таҳсилотӣ миёни Донишгоҳ ва донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ чун ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷӯҳи раёсати Донишгоҳ қарор дошта, ҳамвора кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин ҳамкориҳо рушду тавсеа ёбанд. Дар соли 2025 бо ташаббус ва ҳамкориҳои пайвастаи ректори Донишгоҳ 25 созишнома бо донишгоҳҳо ва шарикон ба имзо расонида шуданд.
Дар Донишгоҳ 538 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси омӯзгор, доктор Ph.D, докторанти анъанавӣ, унвонҷӯ, муҳаққиқ-коромӯз магистр, донишҷӯ ва забономӯз ҷалб шудаанд. Бо мақсади санҷиши вазъи иштироки муҳассилини хориҷӣ ба дарсҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҷониби масъулини шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо раёссати таълим, шуъбаи сифати таҳсилот ва садорати факултетҳо тадбирҳо роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар соли хониши 2024-2025 21 нафар забономӯз дар Маркази омӯзиши забонҳо забономӯзӣ кардаанд, ки аз ин миқдор 19 нафар забони тоҷикӣ, 2 нафар забони русӣ омӯхтаанд. Ҳайати шунавандагонро шаҳрвандони мамлакатҳои Чин (7 нафар), ИМА (6 нафар забони тоҷикӣ), Австралия (2 нафар), Куриёи Ҷанубӣ (1 нафар забони тоҷикӣ), Канада (1 нафар), Арабистони Саудӣ (1нафар забони русӣ), Словакия (1 нафар, забони тоҷикӣ), Олмон (1 нафар, забони тоҷикӣ), Туркманистон (1 нафар) ташкил медоданд.
Донишкадаи фарҳангию таълимии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монд. Донишкада аз 10-ум то 14- уми феврали соли 2025 бақайдгирии шунавандагонро барои таҳсил дар нимсолаи баҳории соли хониши 2025 ба роҳ монда, дарсҳоро аз санаи 17-уми феврал оғоз намуд. Тибқи омор дар нимсолаи баҳории соли хониши 2025 1057 нафар шунавандагон барои таҳсил дар курсҳои омӯзишии забони чинӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 67 нафари онҳо бо ба даст овардани имтиёзҳо дар давоми як нимсола дар шакли ройгон таҳсил намуданд.
Донишкада аз 8-ум то 13-уми сентябр бақайдгирии шунавандагонро барои таҳсил дар нимсолаи тирамоҳии соли хониши 2025 ба роҳ монда, дарсҳоро аз санаи 15-уми сентябр оғоз намуд. Тибқи омор дар нимсолаи тирамоҳии соли хониши 2025 1089 нафар шунавандагон барои таҳсил дар курсҳои омӯзишии забони чинӣ ҷалб шуданд.
Омӯзгорони Донишкада дар давраи ҳисоботӣ ҳамчун тарҷумон дар як қатор чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз қабили ҳамоиши илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо, корвони саломатии «Нури биноӣ»-и Фонди хайриявии Гонконг, ки дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашм фаъолият менамоянд, «Корвони саломатӣ»-и Маркази ҳамкории Тоҷикистону Чин оид ба пешгирии нобиноӣ, Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин, ҳамоиши «Мубодила, намоиши филмҳо ва барномаҳои телевизионӣ миёни Тоҷикистон ва Чин (Шэнсӣ)» иштирок намуданд.
Давоми соли ҳисоботӣ Донишкада ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Аз ҷумла: дар 5-умин озмуни ҷоҳонии сабти наворҳои «Беҳтарин Донишкадаи Конфутсий» ҷойҳои дуюм ва сеюм; Дар 24-умин озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯён ҷойи намунавӣ; Дар озмуни байналмилалии «Сабти филмҳои кӯтоҳ доир ба дарси забони чинӣ» ҷойҳои сеюм ва чорум; Дар 5-умин мусобиқаи «Бо забони англисӣ нақл кардани қиссаҳо дар бораи Чин» ҷойҳои якум ва дуюм; Дар озмуни аксбардорӣ таҳти унвони «Бинои Парлумони Тоҷикистон ва Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи дӯстии Чину Тоҷикистон, ки бо кумаки Чин бунёд шудаанд», ҷойи сеюм; Дар ҳошияи Намоишгоҳи хаттотиву рассомии «Пули забони чинӣ – 2025» Конференсияи ҷаҳонии омӯзиши забони чинӣ доир шуд ва Донишкада соҳиби ҷоизаи «Маъруфият дар шабакаи интернет» гардид.
Фаъолияти хоҷагӣ ва молиявӣ. Бахши иқтисодию иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давоми соли ҳисоботӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди моддию маънавӣ ва иҷтимоии устодон, кормандон ва донишҷӯён дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои Донишгоҳ як зумра корҳоро ба анҷом расонидааст. Дар соли ҳисоботӣ китобхонаи бинои таълимии факултети фалсафа таҷдид карда шуда, Маркази ташхису табобат ва таълимӣ, кафедраи анатомияи одам ҳамчун базаи таълимии факултети тиббӣ бо 100 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар баробари омода намудани кафедраи анатомия, кафедраи умумидонишгоҳии педагогика аз бинои таълимии №3 ба ҳамин бино кӯчонида шуд.
Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.05.2025 таҳти №12(75)01-101 Донишгоҳ дар деҳаи Қалайчаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт як мактаб иборат аз 4 синфхона ва як хонаи муаллимон сохта, зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.08.2025 мавриди истифода қарор гирифт.
Дар Донишгоҳ 7 хобгоҳ фаъолият менамояд, ки аз ин 3 хобгоҳ барои кормандону омӯзгорон, 1 хобгоҳ барои докторантони Ph.D ва унвонҷӯён ва 3 хобгоҳ барои донишҷӯёну магистрантон таъсис дода шудааст. Дар хобгоҳҳои омӯзгорону кормандон 222 нафар, дар хобгоҳи аспирантон 171 нафар ва дар хобгоҳҳои донишҷӯён бошад 1808 нафар истиқомат мекунанд.
Ғайр аз ин Донишгоҳ дорои хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон мебошад, ки дар он докторантони Ph.D, унвонҷӯёну аспирантон истиқомат мекунанд, ки теъдодашон аз 178 нафар иборат мебошад.
Хулоса ҳайати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ соли 2025-ро бо дастовардҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2026-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисон ҷамъбаст намоянд.








