МАНФИАТРАСОНИ АФҒОНИСТОН БОЯД БОШЕМ…

664

Мулоқоту гуфтушунидҳои сарони ду давлат – Тоҷикистону Эрон дар мавриди вазъи Афғонистон дар сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, инчунин, дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот ҷонибҳо аз вазъи Афғонистон мавқеъгирӣ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишастҳои дипломатӣ дар робита ба авзои сиёсию иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид доштанд, ки «мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем».

Бояд қайд намуд, ки ин мавзӯъ яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқоту музокироти сарварони ду кишвари ҳамзабон – Тоҷикистону Эрон буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон изҳори назар намуданд. Чониби Тоҷикистон таъкит доштанд, ки бо роҳи таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ сулҳу суботро дар Афғонистон метавон таъмин кард.

«Риояи манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист. Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд»,- афзуд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони васоити ахбори омма.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдоваранд. Ҷониби Тоҷикистон- Пешвои муаззами миллат зимни нишасти матбуотӣ такроран таъкид намуд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гушрас сохт, ки афзоиши хушунат ва даргириҳо дар Афғонистон бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта метавонад боиси сар задани фалокати башарӣ дар ин кишвар ва боз ҳам сангинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчунин, ба ҳайси маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат гардад.

Қобили қайд аст, ки вазъи сиёсию иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мушкилии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва байналмилалиро зарур аст, ки нисбат ба ҳалли он мавқеи муайянро ишғол намоянд. Зеро тибқи таҳлилҳои коршиносон ҷангу ҷадал, нооромию ноумедиҳо дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад ва нуфузу эътибори ташкилотҳои байналмилалиро коста месозад. Беҳрӯзи С.