МАОШИ ВАЗИФАВИИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ 10 ФОИЗ ЗИЁД МЕГАРДАД

11

Дар сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии кормандони соҳаи маориф яке аз афзалиятҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Сарвари давлат дар Паёми имсола дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16-уми декабри соли 2025 қайд намуданд, ки «Рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».

Дар ин замина, таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат мунтазам музди меҳнати омӯзгорону кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад. Дар идомаи ташаббусҳои маорифпарварона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми солона супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Хурсандибахш аст, ки дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба аҳли маориф чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 17-уми декабри соли 2025, №2215 қабул гардид. Мувофиқи Қонуни мазкур таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгор принсипи асосӣ маҳсуб меёбад.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии кормандон, боло бурдани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандон ҷиҳати ноил гардидан ба фаъолияти самараноки меҳнатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 дар асоси қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон музди меҳнати амалкунандаи омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ аз 1-уми сентябри соли 2026 ба андозаи 10 фоиз зиёд мешавад.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур имрӯз бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ зимни баргузории ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд.