МАРҲИЛАҲОИ ЭМГУЗАРОНӢ ЗИДДИ COVID-19

529

Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ аз марҳилаи дуюми ваксинаи зидди COVID-19 ва зумрае аз марҳилаи аввал гузашта истодаанд. Бо вуҷуди он ки устодону кормандон дар давраи таътил қарор доранд, қисме барои эмгузаронӣ ба донишгоҳ меоянду зумрае ба марказҳои саломатии маҳалли зисташон мераванд.

Бо талаби роҳбаридати донишгоҳ дар назди бинои факултети фалсафа, ки дар маҳаллаи Буни Ҳисорак ҷойгир аст, бунгоҳи тиббӣ ташкил шудааст. Ҳамарӯза масъулони бахши тандурустӣ бо гузаронидани ваксина машғуланд.

Гузаронидани ваксина ихтиёрӣ ва ройгон сурат гирифта, нафарони ваксиншуда ҳатман зери назорат қарор мегиранд.

Ба иттилои масъулини бунгоҳи тиббӣ эмгузаронӣ дар намуди «КовиВак» дар донишгоҳ идома дорад.