МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ

841

Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024 дар пояи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ – омили ташаккул ва инкишофи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ” ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт.

Дар нишаст аз ҷониби мутахассисон гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Воқеан, ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Ҳамзамон, моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ ҳифз менамояд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.