МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО

574

Имрӯз (02.07.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба 299 нафар хатмкунандаи донишгоҳ дипломи аъло супорида шуд.

Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба рӯзҳои ҷашнии бисту панҷумин солгарди Ваҳдати миллӣ ва гирандагони дипломи сурхро барои муваффақияти назаррасашон самимлона табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад. Таъкид намуд, ки маҳз самараи Ваҳдат ва тавассути ин амну осоиштагии кишвар буд, ки тайи солҳои охир ба мо омӯзгорон муяссар гашт, ки воқеан мутахассисони баркамоли ба бозори умумиҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба воя расонем.

Ректори донишгоҳ дар идомаи суханронии хеш изҳор дошт, ки имсол донишгоҳро аз рӯи 3 зинаи таҳсил, бакалавр-108 ихтисос, мутахассис-2 ихтисос ва магистратура 41 ихтисос 5505 нафар донишҷӯён сарбаландона хатм менамоянд, ки аз инҳо 3786 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 971 нафар донишҷӯёни шакли таҳсили фосилавӣ, 214 нафар таҳсилоти олии дуюм ва 534 нафар магистрон мебошанд. Хатмкунандагоне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм менамоянд, 299 нафарро ташкил дода, муҳассилине, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳро хатм менамоянд, 65 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ чун анъанаи неки соҳаи тиб савганди садоқат ёд намуданд.

 Савганди дорусозу қасам хурдани табиб,

Маънои сидқи комили онҳо бувад ба тиб.

Чун эй табиб, ба меҳр қасам ёд мекунӣ,

Бояд ба ҷисму ҷони маризон шави ҳабиб.

Баъдан декани факултети физикаи донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Давлат Солиҳов аз номи садорати факултетҳои донишгоҳ тамоми гирандагони дипломи сурхро табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои назаррасро таманно дошт.

Сипас Шаҳноза Мирова – хатмкунандаи факултети тиббӣ, Шоҳрух Забиров – хатмкунандаи факултети ҳуқуқшиносӣ ва Аҳророва Земира – хатмкунандаи факултети филологияи рус аз номи хатмкунандагон ва гирандагони дипломи сурх суханронӣ намуда, ба роҳбарият ва коллективи устодону кормандони донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамроҳ бо садорати факултетҳо ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супориданд.

 «Мо умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда тамоми донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон дареғ намедоранд» – изҳор дошт ректори донишгоҳ зимни суханронии ҷамъбастии хеш.

Ёдрас мешавем, ки аз 299 нафар гирандагони дипломи сурх 144 нафарашро донишҷӯдухтарон ташкил менамуд (155 нафар писар).