МАСИРИ ҲАМКОРИИ НАВ ДАР САМТИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ҲУҚУҚ

36

Имрӯз (29.05.2025) мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. бо ҳайати Донишгоҳи давлатии сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Ҳайати меҳмононро Ҷян Зэтин – Раиси Шурои роҳбарони донишгоҳи мазкур сарварӣ мекард. Ҳамроҳи ӯ дар мулоқот Лю Юн – роҳбари Раёсати ҳамкориҳо ва табодули байналмилалӣ, Ҷан Хонҷэ – муовини раиси Раёсати банақшагирӣ ва рушди ихтисосҳо, инчунин, профессорон Ли Вэйҳай ва Ли Чуннйин иштирок доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои илмию таълимӣ, густариши равобити байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни донишгоҳҳо, инчунин мусоидат ба омода намудани мутахассисони соҳибтахассус ва забондони соҳаи ҳуқуқро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар замони равандҳои афзояндаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии ҳуқуқӣ, ниёз ба кадрҳое, ки ҳам дар қонунгузории миллӣ ва ҳам байналмилалӣ дониши амиқ дошта бошанд, рӯ ба афзоиш аст.

Профессор Насриддинзода Э.С. ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои муштарак, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, ташкили семинару ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои таҳсилоти муштарак ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ҷониби чинӣ низ омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои пурсамар иброз дошт. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба аҳаммияти таъсиси механизми ҳамкории доимӣ ва таҳияи нақшаи амалии муштарак таъкид намуда, зимни бастани Ёддошти тафоҳум ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ изҳори умед карданд, ки равобити ду Донишгоҳ дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Дар идомаи сафари расмӣ меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуда, ба фаъолияти Донишкадаи Конфутсий, ки дар назди Донишгоҳи миллӣ амал мекунад, шинос шуданд. Зикр гардид, ки ин донишкада ҳамчун пули мустаҳкам миёни фарҳанг ва илми Тоҷикистону Чин хизмат мекунад.