МАСОИЛИ МУОСИРИ АСТРОФИЗИКА

107

Дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили муосири астрофизика» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва “80-умин солгарди Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.м., профессор Ибодинов Х.И.” баргузор гардид.

Дар конференсия бахшҳои мубрами масоилҳои астрономия ва физикаи Кайҳон, амсиласозии физикаю математикӣ ва таҷрибаи объектҳо, ҳодисаҳо ва равандҳо, масоили мубрами иқлимшиносӣ, ҷанбаҳои физикӣ ва химиявӣ, инчунин масаъалаҳои мубрами усули таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои миёнаи ва олӣ муҳокима шуданд. Дар ҷараёни кори конференсия олимони ватанӣ ва хориҷи кишвар (Узбекистон, Федератсияи Россия, Полша, Ҷопон) бо 80 маърӯзаҳо ширкат намуданд.

Қисмати ифтитоҳии конференсияи байналмилалӣ дар толори барҳавои маркази Конфутсий шаҳраки донишҷӯён шуда гузашт, ки дар он як маърӯзаи муштарак бо олимони Федератсияи Россия ва ду маърӯза аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон шунида шуд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро намояндаи илм – Сардори раёсати илм, н.и.и., дотсент Шоимардонов С. кӯшода иброз доштанд, ки эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиӣ такони ҷиддӣ бахшида, бе шак, барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми Стратегии ҷумҳурӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, чун анъана ҳамасола, мувофиқи нақша конференсияиҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашну санаҳои муҳим баргузор мегардад. Ҳамин аст, ки конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии имрӯза дар мавзӯи «Масоили муосири астрофизика» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва “80-умин солгарди Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.м., профессор Ибодинов Х.И.” бахшида шудааст.

Баъдан суханронии декани факултети физика н.и.ф.м., дотсент Қодирзода З.А. шунида шуд, устод иброз доштанд, ки кафедраи астрономия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кафедрае мебошад, ки аз рӯи ихтисоси астрономия мутахассисони ҷавонро тайёр мекунад. Вазифаи асосии кафедра аз тайёр намудани мутахассисони соҳаи астрономия барои институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва баъзе соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ иборат аст.

Х.И. Ибодинов қариб 50 соли охир дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолитяи илмию омӯзгори доштанд, дар таъсиси ихтисоси «Астрономия» ва кафедраи астрономияи ДМТ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ аз соли 1999 профессор, солҳои 2002-2004, 2010-2012 роҳбари кафедра буданд. Иттифоқи байналмиллии астрономӣ саҳми муҳимми Х.И. Ибодиновро дар астрономия ба назар гирифта, соли 1991 ба астероиди № 3436 номи «Ибодинов» (IBADINOV) гузоштанд.

Боварӣ дорам, ки маърӯзаҳои дар конференсия ироашаванда барои пешрафту инкишофи самтҳои илмии дар конференсия баррасишуда ва дар тайёр намудани мутахассисони маълумоти олидор, магистрҳо, унвонҷӯён, аспирантону докторантон кӯмак хоҳад расонд. Дар идомаи кори конференсияи байналмилалӣ маърӯзаи мудири кафедраи астрономия н.и.ф.м., дотсент Сафаров А.Ғ. дар мавзӯи “Хурсандқул Ибодинов – муаллифи нави самти таҳқиқотҳои астрофизикӣ дар Тоҷикистон”. Қайд карда шуд, ки дар таҷрибаҳои гузаронидашуда бо роҳбарии Ибодинов маълумотҳои бешумори таҷрибавӣ гирифта шуд, аз ҷумла: маълумотҳои миқдорӣ доир ба температураҳо, суръат ва гармии сублиматсияи моделҳо (10 моделҳо)-и гуногуни ҳастаи комета дар шароитҳои мувофиқи офтобмарказ, аз 0,5 то 3 в.а. Ҳангоми сублиматсияи ҳастаи модели кометаи яхин, дар масофаҳои < 0.6 в.а. дар сатҳи он дар натиҷаи такроран ях шудан, сохторҳои риштавии дарозиашон якчанд миллиметр ташаккул меёбанд. Сублиматсия бо ихроҷи моддаҳои яхин ба амал меояд. Ҳангоми энергияи инсолятсияи 0,025-0,7 Ватт бар сантиметри квадратӣ, температураи мувозинатии сатҳи яхи об ба 183-213 К баробар аст. Суръати сублиматсия бо назардошти температураи 183-213 К дар ҳудуди аз 0,8 то 6,0 (1018) молекула дар як сантиметри квадратӣ рост меояд. Барои яхи CO2, дар ҳудуди энергияи инсолятсияаш 0,004-0,20 Ватт бар сантиметри квадратӣ, (дар масофаҳои аз 5,8 то 0,82 в.а.) температураи муътадили назди сатҳии ҳастаи комета дар ҳудуди 114-132 мехобад. Натиҷаи таҷрибаҳои лабораторӣ нишон медиҳад, ки пӯстлохи ҳосилшудаи моделҳои гуногун ковокии калон (80-98 фоиз), зичии хурд (10-70 киллограм бар метри кубӣ) доранд. Дар чунин ҳолат пӯстлохи дар сатҳи ҳастаи кометаҳо ҳосил шударо сели газҳои сублиматсияшуда ба фазои атроф меафканад. Онҳо минбаъд манбаи радикалҳо ва чангҳо дар атмосфераи кометаҳо мегарданд.Иброз карда шуд, ки маҳз астероидро барои ҳамин натиҷаҳо ба номи Ибодинов гузоштаанд.

Конференсия дар нимаи дуюми рӯз аз соати 13-30 дар чор бахши дигар корҳоро идома дода маърӯзаҳои ба нақша гирифта шуда пурра ироа шуданд.