Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид. Озмуни мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омӯзиши амиқи осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар озмуни мазкур донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, донишу ҷаҳонбинӣ ва сатҳи маърифати сиёсии худро вобаста ба осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон доданд. Иштирокчиён зимни шарҳу таҳлили муҳтавои асарҳо ба масъалаҳои муҳимми ватандӯстӣ, таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву миллӣ диққати махсус зоҳир карданд.
Зимни ифтитоҳи озмун роҳбарияти Донишгоҳ таъкид карданд, ки мутолиа ва омӯзиши осори Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ нақши муассир дорад. Қайд гардид, ки сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолори давлату Ҳукумат барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва илмии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамчунин зикр шуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои ҷалби ҷавонон ба мутолиа, рушди тафаккури сиёсиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷом иштирокчиёни фаъол барои роҳ ёфтан ба марҳилаи минбаъдаи озмун муайян гардиданд.








