МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД РОҲИ ҲАЛЛИ ҲАМА МУШКИЛИҲОСТ

444

Дар вохӯрии навбатии Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кармандони факултети молиявию иқтисодӣ масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки барои ҷараёни илму таълим ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ ниҳояд муҳим буда, ҳалли онҳо масъулияти баландрор талаб менамоянд.

«Бинои факултет тозаву озода ва хеле замонавӣ мебошад. Таҷҳизотҳои муосир насб шудаасту шароити корӣ дар факултет таъмин гардидааст, аммо синфхонаҳои компютерӣ ва доскаҳои электронӣ дуруст истифода бурда намешаванд, ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои мухталифи факултет ба таҷдиди назар ниёз доранд, дарсшикании устодон ба назар мерасад, набудани маҷӯми лексияҳо ва нагузаштани маҳфилҳои назди кафедраҳо дида мешавад, инчунин, хунукназарӣ дар ҷараёни коргузории факултет мушоҳида мешавад»- таъкид шуд дар вохӯрӣ.

Ректори донишгоҳ дар идомаи вохӯрӣ аз нуқсонҳои гуногуни фаъолияти факулети молиявию иқтисодӣ суханронӣ карда, дар самти беҳтар намудани ҷараёни кор дар факултет ба садорат, мудирони кафедраҳо ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз рӯйи завқ ва бо масъулияти баланд фаъолият карданро роҳи ҳалли ҳама мушкилиҳо донистанд.

Дуруст ба роҳ мондани самти ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои таркибии факултет, назорати ҷиддии фаъолияти таҷрибаомӯзон, таҷдиди назар намудани саволномаҳои тестӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, мавриди санҷиш қарор додани таҳсили донишҷӯёни гурӯҳҳи таҳсилашон бо забонҳои русию англисӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ, мунтазам гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасигашта буданд.