МИРЗО ТУРСУНЗОДА – МУҶАССАМАИ СУЛҲ ВА РАМЗИ АДАБИЁТУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

765

Бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода имрӯз (3.05.2021) дар толори бузурги Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология конфересияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода ва адабу фарҳанги миллӣ» доир гардид.

Дар кори конференсия нахуст ректори Донишгои миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳозиринро бо ин рӯзи фараҳбахш – 110 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода самимона табрик намуда, иброз дошт, ки «меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд».

 Сипас муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд марӯза намуда, зикр намуд, ки «тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст».

Дар конфронс раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим маърӯза намуда, қайд карданд, ки «устод Мирзо Турсунзода шоирест, ки аз байни халқ баромадааст. Ӯ дар як хонадони одии деҳаи кӯҳистон тарбият ёфта, аз саргузашти халқ, таърихи воқеиву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату оинҳо, мушкилоту фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии халқаш ба хубӣ огоҳ аст. Аз ин рӯ сухани ӯ дар ин мавзӯъҳо равшану равон ва табиист». 

Ҳамзамон, профессори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. Ҳамроев тариқи онлайн оид ба «Робитаи адабии халқҳои тоҷику ӯзбек (дар мисоли осори М. Турсунзода ва Ш.Рашидов)» маърӯза намуда, иброз дошт, ки «устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст».

Дар конфересияи байналмилалии илмию амалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, намояндагони сафоратҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар охири конференсия чанде аз донишҷӯёни факултетҳои филология ва журналистика аз ашори гаронмояи устод Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳури ӯро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, ироа намуданд.