МУҲОКИМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОЯНДА БО БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР САМТИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

517

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар эътилоф бо дигар донишгоҳҳои кишвар, аз қабили Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино вобаста ба ҳамкории минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Бонки умумиҷаҳонӣ баргузор гардид. Мавзуи мулоқоти мазкур, масъалаи “Рушди таҳсилоти олии Тоҷикистон” ва баррасии ҳамкориҳои оянда буда, маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дар самти сифати таҳсилот мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ин мулоқот дар чаҳорчӯбаи таҷлили 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа аз ҷониби намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Рита Алмейда, роҳбари бахши соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалахои актуалӣ ва нақшахои муайяншудаи ҳамкории оянда дар сатҳи баланд баррасӣ карда шуд.

Дар вохӯрӣ муовини якуми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Собирзода Н.М., муовини ректор оид ба корҳои таълим, Авзалов А.Х., мудири сектори идоракунии лоиҳа ва Саидзода Ҳ., доктори илмҳои филолгия, профессори кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар рафти чаласа, муҳтарам Собирзода Н.М. вобаста ба хусусиятҳои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани раванди таълим, васеъ намудани имкониятҳо ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон»-ро қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати баланд бардоштани неруи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёнро қисман ҳал намуд. Базаи моддию техникӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беҳтар гардид. Ҳамзамон, воҳидхои сохтории дорои характери таълимию илмӣ-амалӣ ташкил карда шуданд, стандартхои нави барномахои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо таҳия гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Аз ҷониби Собирзода Н.М. оид ба самтҳои ҳамкориҳои оянда, аз ҷумла, дурнамо чунин пешниҳодҳо баён карда шуданд:

1. Баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таълим: ҷалби омӯзгорони баландихтисос ба кор дар донишгоҳҳо, таъмини онҳо бо тайёрии доимӣ ва такмили ихтисос, бо истифода аз усул ва технологияҳои муосири таълим. Рушди таълими STEM.

2. Дастгирии донишҷўён: фароҳам овардани шароит барои зисту зиндагӣ ва таҳсил, ташкили чорабиниҳо барои рушди ҳаёти иҷтимоию мадании донишҷўён, додани стипендия ва дигар шаклҳои таъминоти моддӣ.

3. Ҳамгироӣ бо ҷомеаи байналмилалии самти маориф: иштирок дар лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ.

4. Баланд бардоштани дастрасии таҳсилот: ташкили курсҳои онлайн ва омӯзиши фосилавӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳсили маъюбон.

5. Масъулияти иҷтимоӣ: иштирок дар лоиҳаҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, дастгирии донишҷўёни камбизоат ва гурўҳҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир ва дигар масъалаҳое, ки ба рушди мусбати мактабҳои олии кишвар вобастаанд.

6. Рушди фарҳанги соҳибкорӣ: фароҳам овардани шароит барои рушди фаъолияти соҳибкории донишҷӯён, ташкили инкубаторҳои стартап ва бизнес акселераторҳо, гузаронидани тренингҳо ва дарсҳои маҳорат оид ба соҳибкорӣ.

Ин вохӯрӣ ба Рита Алмейда, ки барои гирифтани таассурот дар бораи донишгоҳҳои кишвар имкон дод. Ичунин, роҷеъ ба иқтидор ва эҳтиёҷоти онҳо, ки ҳангоми баррасии лоиҳаи эҳтимолии минтақавии таҳсилоти олӣ бо иштироки Тоҷикистон муфид хоҳад буд, маълумот ироа гардид.