МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

269

Имрӯз дар толори калони ба номи Ш. Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллӣ ҷаласаи васеи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ бо намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2021, №187) баргузор гардид.

Дар ҷаласа судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Сафарбек, прокурори Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Эраҷ, сардори раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Саидҳомид Сафар, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну мавросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилахонзода Раҷабалӣ, намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҳаёт Саидамир, Интизорзода Акмал Тоҷиддин, мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Муминзода Нозим Исмат ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Акбарова Зулхумор Мухитдиновна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Муминзода Н.И. ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки бо назардошти боло рафтани бархӯрдҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи башарӣ падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, сепаратизм ва маводи мухадир мебошад ривоҷ ёфт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонуну қарорҳое қабул карда шуд, ки дар тарбия насли наврас, таъмини амнияти миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ таъсиргузор мебошанд.