МУАЛЛИМАИ ИХТИРОЪКОРИ ДОНИШГОҲ

520

Тайи солҳои охир устодону кормандони ДМТ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас шарафёб мегарданд. Иштироки фаъол ва ба даст овардани медали нуқра аз ҷониби номзади илмҳои техникӣ, устоди кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ Давлатмамадова Мавлуда дар Намоишгоҳи байналмиллалии ихтироъкорони 50 давлати дунё, ки чанде қабл дар шаҳри Дуҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, далели гуфтаҳои мост.

Давлатмамадова М. дар Намоишгоҳи байналмилалии мазкур бо ихтирои худ: “Технологияи коркарди Талк ва истифодаи он дар соҳаи фарматсевтӣ” иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм, диплом, мукофотпулӣ ва медали нуқра гардид.

Дастовард муборак муаллимаи азиз!