МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ВА ҚАДРДОНИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ШУРО

338

Дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ чун анъана як қатор дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки қаблан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намуда будем, аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қадрдононӣ шуданд.

Иштироки фаъоли роҳбарияти донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ, ғолибияти устодону донишҷӯён дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ (маҷозӣ), гирифтани нишону медалҳои фахрии донишҷӯён дар форуми байналмилалӣ, соҳиби дипломи номзадӣ гаштани устодон, иштироки фаъоли бонувони донишгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин, ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои варзишии дохилию хориҷӣ аз ҷумлаи навгониҳо буд, ки зимни муаррифӣ онҳо низ қадрдонӣ шуданд.

Ректори донишгоҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои дастовардҳои илмӣ-эҷодӣ самимона табрик намуда, дар робита ба афзун намудани навкориҳо дар ҳаёти илмию таълимӣ ва равобити байналмилалӣ тавсеаҳои судманд дода, саҳми устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъолро дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар қисми дуюми ҷаласа як зумра гузоришҳо дар робита ба масъалаҳои мухталифи донишгоҳ шунидаю баррасӣ шуданд.