МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИЮ ВАРЗИШӢ

271

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанаи некест, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ менамоянд. Имрӯз чунин рӯйдоди хотирмон дар ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

Дар оғоз ба зумрае аз устодон мукофотҳои давлатӣ ва ба ҷумлае аз кормандон, ки дар самтҳои мухталиф дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и ФР рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, шаҳодатнома супорида шуд.

Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласа дастовардҳои илмӣ-байналмилалии устодон ва варзишии зумрае аз донишҷӯён муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодону донишҷӯёнро самимона табрик намуда, дар иҷрои корҳои илмию таълимӣ дастовардҳои тозаро таманно намуд.