МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИЮ ВАРЗИШӢ

307

Анъанаи неке, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ баргузор мешавад, ки муаррифӣ ва қадрдонии дастовардҳои илмию таълимӣ ва тарбиявию байналмилалии донишгоҳ мебошад. Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуда, дар самти фаъолияти корию илмию эҷодии онҳо комёбиҳо таманно менамоянд.

Имрӯз дар ҷаласаи мазкур дастовардҳои илмии зумрае аз омӯзгорони риштаи фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ муаррифӣ шуданд, ки онҳо дар самтҳои муъталиф дар Коммисияи олии аттестатсионии Федеретсияи Русия рисолаҳои илмиро бо муваффақият дифоъ намуда, соҳиби дипломи номзадӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дастовардҳои гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуданд, муаррифӣ шуданд.

-Абдуҷалилзода Муҳаммадҷон  – донишҷӯйи факултети молиявию иқтисодӣ барои ишғол намудани ҷойи 1-ум дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши «Гӯштингирӣ», бо дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ва бо Шоҳҷоиза – Афтомабил сарфароз шуд;

– Дастаи ДМТ дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди футболи хурд (ташаббускор КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур) миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид, инчунин, Носиров Маъруфҷон – донишҷӯйи факултети биология ҳамчун дарвозабони беҳтарин ва Саидов Ҳоҷиҷон – донишҷӯйи факултети мазкур ҳамчун бозингари беҳтари бо диплом сарфароз гардид;

– Муминов Фаррух – донишҷӯйи факултеи биология дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ – варзиши сабук ғолиби ҷойи ифтихорӣ шуд;

-Саидов Сипеҳр – донишҷӯйи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар намуди варзиши «Бокс», ки миёни ҷавонон дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, сазовори ҷойи 3-юм шуд.