
Имрӯз (05.03.2025) дар оғози ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. доктори илмҳои филология, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳ Бадриддин Мақсудовро барои дастоварди байналмилалӣ – Медали ҷашнии “Сарсупурдаи маънавиёт” табрик намуда, дар ҷодаи илму таълим муваффақиятҳо таманно намуд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳ ба роҳ монда шудааст. Чанде қабл ба хотири бузургдошти Мир Алишер Навоӣ – олим, шоир ва мутафаккири бузурги асри XV дар Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии Ҷумҳурии Узбекистон Симпозиуми IV байналмилалӣ таҳти унвони «Алишери Навоӣ ва эҳёи Шарқ» баргузор гардид.
Дар кори симпозиуми байналмилалӣ намояндагони 23 кишвари дунё, аз ҷумла кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд. Дар ин чорабинии байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳаққиқи варзида, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудов намояндагӣ намуда, бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намудааст. Дар зимн профессор Бадриддин Мақсудов бо Медали байналмилалии “Сарсупурдаи маънавиёт” қадрдонӣ гардид.
Дастовард муборак!