МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ

165

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, мубориза бар зидди падидаи номатлуб-терроризм ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯён вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндаи КДАМ Қурбонов Д. бо донишҷӯёни курси аввали факултетҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва фалсафаи Донишгоҳ доир гардид.

Дар вохӯрӣ доир ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, баргардонидани афроди гумроҳ, решакан кардани экстремизм ва терроризм ва сабукиҳо дар қонунгузорӣ барои нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳушёру эҷодкор бошанд ва дониши ҳуқуқии худро пайваста такмил диҳанд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баҳри баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.